Имрӯзҳо барои бисёриҳо таксӣ ба як хизматгори бе миннат табдил ёфтааст. Аксарияти мардум барои сари вақт ба манзил расидан аз таксӣ истифода мебаранд, вале баъзан таксисаворӣ метавонад ба сари кас фоҷиа оварад.
Шаби гузашта байни як мусофир ва ронандаи таксӣ баҳсу мунозира сар зада, дар ҷараёни ин моҷаро таксист мусофири ба мошинаш нишастаро бераҳмона ба ҳалокат расонидааст...
Тавре ки расонаҳо менависанд, ҷавони ба дасти таксист кушта шуда танҳо набуда, ҳамроҳи духтари дӯстдоштааш ба таксӣ нишастааст. Дилдодагон аз ронанда хоҳиш мекунанд, ки зудтар онҳоро ба ҷойи дилхоҳашон бурда расонад, вале дар масири роҳ байни ронанда ва мусофир баҳсу мунозира сар зада, ҷавон таксистро дашном додааст. Ронанда аз рафтори беадабонаи мусофир ба ғазаб омада, мошинро дар канори роҳ боз медорад ва дари пешро кушода, аз бордон корди тезеро берун оварда, дар пеши чашми духтари дӯстдоштааш ҷавонро кордборон мекунад.
Тавре ки “Лента.ру” менависад, ин ҳодисаи хунин шаби 24 ба 25-уми январ дар шаҳри Новосибирск рӯй дода, таксисти одамкуш аллакай аз ҷониби кормандони пулис дастгир карда шудааст.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодисаи даҳшатнок идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки чунин рӯйдодҳои хунин дар Тоҷикистони мо низ рӯй дода буданд, вале на мусофирон, балки чанд ронандаи таксӣ ба дасти “клиент”-ҳои “сарвайрон”-ашон мисли гусфанди қурбонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.