Arzon march 2024
Дархост аз шаҳрвандон барои худдорӣ аз истифодаи ҳазориспанд дар Русия
13.03.2025
Oila.tj
306

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки аз истифодаи растании ҳазориспанд дар ҳудуди Федератсияи Русия ва интиқоли он ба ин кишвар худдорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки аз моҳи феврали соли 2024 дар қаламрави Федератсияи Русия растании ҳазориспанд ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир дохил карда шудааст.

Бинобар ин, гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ бо мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ аз қаламрави ин давлат татбиқ карда мешавад.

Дар сурати аз меъёри пешбинишуда зиёд будани растании ҳазориспанд нисбати интиқолдиҳанда ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД