Муҳаммадқул Ҳазратқулов - мфайласуфи маъруфи тоҷик, доктори илми фалсафа, сарходими Институти фалсафа, мутахассиси соҳаи таърихи фалсафа ва рушди афкори маънавӣ имрӯз дар синни 76 – солагӣ аз олам даргузашт.
Пайвандонаш мегӯянд, ки марги файласуф барояшон ногаҳонӣ буд, зеро ӯ то дирӯз солим ва сари кор буд.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов 5 ноябри соли 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1967 ба поён расонда, дар вазифаҳои корманди илмӣ ва мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), муаллим ва мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқу фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
Профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов доир ба фалсафаи Шарқ тадқиқоти зиёде таълиф намудааст. Аввалин таълифоти ӯ ба муайян намудани афкори фалсафии яке аз файласуфони асрҳои миёна Садриддини Шерозӣ бахшида шуда буд. Минбаъд ӯ ба таҳқиқи эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам ва таъсири он ба фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ пардохт.
Роҷеъ ба равияву мазҳаб ва фирқаҳои исломӣ низ таҳқиқоти пурарзише дорад ва китоби «Тасаввуф» — и номбурда беҳтарин адабиёти дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳаводорони афкори маънавист.
Ин муҳаққиқи варзида бахшида ба эълон намудани соли 2006 – Соли тамаддуни ориёӣ тадқиқоти муфассале бо номи «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ» нигошт, ки он асари нисбатан бузургҳаҷм буда, таърифи тамаддуни ориёиҳо, сайри таърихӣ ва мавҷи ҳаракати ориёиҳо ба Осиёи Марказӣ, ҳамчунин интишори минбаъдаи онҳо ба Шарқ, Ғарб то сарзаминҳои Скандинавияро аз дидгоҳи фалсафӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба ифтихори Соли бузургдошти Имоми Аъзам М. Ҳазратқулов «Ислом ва Абуҳанифа» ном таҳқиқоте ба анҷом расонд, ки дар он ташаккули мазҳаби суннӣ ва моҷароҳои ақидатӣ, инкишофи илми каломи аҳли суннат, таълимоти мазҳаби Абуҳанифа, мақому манзалати ӯ дар усули илми фиқҳ ва шогирдони Абуҳанифа дар интишори мазҳаби суннӣ тасвир шудааст.
Ҷиҳатҳои ҷолиби ин китоб назарияи қиёс ва истеҳсони Абуҳанифа мебошад, ки ҳанӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст. Ба қалами ӯ бештар аз 8 китобу монографияҳои калонҳаҷм тааллуқ доранд.