Субҳи имрӯз, 6-уми август, дар шаҳри Душанбе яке аз бунёдгузорони мақомоти гумруки Тоҷикистон, собиқадори мақомоти амният, генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов аз олам чашм пӯшид.
Марҳум 78 сол дошт ва ба қавли наздиконаш, вақтҳои охир бемор буд. Номбурда дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун нахустин сардори Кумитаи гумрук (ҳоло Хадамоти гумрук) барои таъсис ва ташккули ин сохтори муҳим талошҳои зиёд кардааст.
Худойқул Ҳамроқулович 25-уми марти соли 1947 дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушода, хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мебошад.
Баъди хатми ин донишкада аз соли 1966 то соли 1967 дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт ҳамчун омӯзгор фаъолият намуда, хидмати аскариро дар ҳавзаи Закарпатия ба ҷо овардааст.
Ҳамчун афсари Кумитаи бехатарии давлатии (КБД) назди Шӯрои Вазирони ҶСШ Тоҷикистон, корманди ваколатдори РКБД-и вилояти Кӯлоб дар ноҳияи Ленинград (Муъминобод), ёрдамчии сардор, муовини сардори РКБД дар вилояти Кӯлоб, муовини сардори РКБД дар вилояти Қӯрғонтеппа, ёрдамчии сардори РКБД дар вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ, муовини вазири амнияти ҷумҳурӣ, мудири шуъба оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Вақтҳои охир роҳбари ҶДММ «Ориент Адвентур» буд.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12, мушовири давлатии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дараҷаи 3 (генерал-майори Хадамоти гумрук), генерал-майори амният, номзади илмҳои иқтисод Худойқул Ҳамроқулов бо ордени Спитамен, медалу ифтихорномаҳо ва мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, 6-уми август, вақти намози аср (соати 18:00) дар Масҷиди Сари Осиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.