Салом. Ман як зани ба гирдоби туҳмат гирифтор шуда, мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта,маслиҳат бипурсам.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шуда будем, вале хушдоманам мудом ману писарашро бо ҳамдигар шӯр меандохт ва оқибат бо балвои модаршӯям хонавайрон шудам. Шавҳарам бо амри модараш маро се талоқ дода, аз дар берун намуд. Панҷ моҳи дароз ба дарашон рафта, зорӣ кардам, ки ақаллан ба хотири фарзандаш ба ман каме кӯмак расонад, вале шавҳарам “Кӣ медонад, ки ту ин сағераро аз кадом кавалерат зоидаӣ.Ман вазифадор нестам, ки ҳаромии туро нигоҳубин кунам” гӯён, як тин пул надода, маро гирёну нолон аз дар берун мекард.
Бори охирини барои алимент рафтанам хушдоманам маро бо ҷорӯб зада, таҳдид кард, ки агар як бори дигар поямро ба остонаи дари хонаи онҳо гузорам, сарамро қоқоқоқ тарошида, маро шармандавор аз деҳа берун мекунад. Оби дидаам дар бари рӯ аз дарвозаашон баромада, дубора ба суроғашон нарафтам.
Нахостам барои чор сум пул худамро дар назди ин одамони худонотарс, ки дидаю дониста фарзанди маро ҳаромӣ бароварданд, паст занам. Душвор бошад ҳам, як илоҷ карда, худам кӯдакамро калон мекунам гӯян дигар дарашонро накӯфтам. Умед доштам, ки Худованд шавҳари бевиҷдонамро барои аз фарзанди худаш рӯ гардониданаш албатта рӯзе ҷазо медиҳад. Шабу рӯз дуо мекунам, ки дигар рӯйи фарзандро набинад ва ба нохуни пойи кӯдак зор шавад.
Ростӣ ман маълумоти олӣ ва касбу ҳунар надорам. Бо кӯдаки хурдсол дар ягон ҷо кор карда ҳам наметавонам. Падару модарам беморанд ва ҳар рӯз ғурбат мекунанд, ки аз ҳамин беҳунарию сархамиам ба чунин рӯз афитодам. Онҳо мехоҳанд, ки ман шавҳарамро ба суд дода алимент талаб кунам, вале ростӣ ман сахт метарсма, ки дар суд ҳам хушдоманам кинои бе пул нишон дода, бо туҳматҳояш маро дар назди мардум шарманда накунад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?
Манижа аз н. Ҳисор