Маҳваш ҳеҷ ба худ омада наметавонист. Хиёнати ёри азизаш ранҷураш карда буду намедонист аз ин гирдоб чӣ гуна раҳоӣ ёбад. Охир ӯ шавҳарашро дӯст медорад, боз се фарзанд дорад аз Собири бевафо.
Оҳ агар медонистам, ки Собир бо зану кӯдаконаш зиндагӣ дорад, ҳеҷ гоҳ занаш намешудам. Эҳ қисмати номард…
Маҳваш мекӯшид андешаҳояшро ҷамъ карда вазъиятро таҳлил намояду сариштаи муаммои рӯзгорашро пайдо кунад.
-Беҳтараш аз Собир ҷудо мешавам, чунки марди фиребгару номард оянда надорад. Охир Собир дар назди хешу таборони ман қасам хӯрда гуфт, ки аз занам ҷудо шудааст. Ин номард номи се талоқро ба забон оварда, боз зиндагиашро бо занаш идома додаст. Аҷиб… Чаро ман дер аз замири дурӯғини Собир бохабар шудам? – меандешид Маҳваш ва ашк бари рухсораҳояшро мешуст. Собир занашро ба хонааш бурда ба хона зуд баргашта омаду пеши пойи Маҳваш ба зону афтода зорӣ кард, ки аз гуноҳаш гузарад. Аммо Маҳваш дигар ӯро шунидан намехост. Маҳваш дурӯғи номардонаи Собирро бахшида наметавонист.
-Ман занамро дӯст намедорам, хотири фарзандонам маҷбур бо вай зиндагӣ мекунам, - худро сафед мекард Собир.
-Ту, ки дӯст надорӣ, пас 6 фарзанд аз ҳаво ба дунё омаданд? – дод зад Маҳваш.
-Фарзанд бе ишқ ҳам таваллуд мешавад. Ман ҳеҷ гоҳ ҷавоби туро намедиҳаму писаронамро ятим намекунам. Беҳтараш бо ҷангу ҷанҷоли беҳуда асабҳои ҳардуямонро хароб накун,-гуфт Собир бо қатъият.
-Туро дидан намехоҳам. Ҷавобамро деҳ!-якравӣ кард Маҳваш.
-Маҳваш, ҷонакам сабр кун, вақту соаташ меояду ман аз занам ҷудо мешавам. Ҳозир хотири духтараконам ман бояд бо вай зиндагӣ кунам. Ту медонӣ, ки ман туро дӯст медорам, - Маҳвашро ба оғӯш кашида ором кардан хост Собир.
-Байни ману ту дигар ягон хел муносибат бурда наметавонад. Фаҳмидӣ?-Собирро тела дода, бо зарда гуфт Маҳваш.
-Ман ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо намешавам. Ман бе писаронам зиндагӣ карда наметавонам. Ин ҳукми охири ман аст,-гӯён Собир дарро зада баромада рафт.
Маҳваш дид, ки бо гапи хуб Собир ӯро намефаҳмад, дигар суханашро ҳайф накарда аз пайи амалӣ кардани нақшаҳояш шуд. Зиндагии оилавии онҳо заҳрогин гашта дигар аз фазои хонаашон садои ханда шунида намешуд. Маҳваш дигар Собирро дидан намехост. Собир ӯро меҳрубониву навозиш мекард, вале Маҳваш ба ин навозишҳо эътиное намекард. Тавре рафтор мекард, ки гӯё Собир барояш вуҷуд надошта бошад. Аз ин рафтори Маҳваш қаҳру ғазаби Собир меомаду мисли одами ақлгумкарда дод мезад. Маҳваш кӯшиш кард, ки рӯйи хотири фарзандонаш бо Собир созиш диҳад, вале нашуд, ки нашуд. Маҳваш Собирро барои хиёнату дуруғгӯиаш бахшида натавонист.
Рӯз ба рӯз ҳисси бадбиниаш зиёд мешуд. Тағои Маҳваш дар Русия фирмаи тиҷоратӣ дошт. Маҳваш ба тағояш занг зада, гапро пазонду аз пайи харидани чипта шуд. Вақте чиптаро ба даст гирифт, дилаш якбора гӯё таркид.
Пагоҳ соати 12 ба Русия мепарад. Аз рӯйи нақшаи аввал бо худ писари калониашро мебараду баъдан падару модараш писарчаҳои хурдиашро мефиристанд. Маҳваш чиптаҳо дар даст хун мегирист. Дилаш хуншор буд. Бо ёди шавҳари бевафояш, вале дигар илоҷе надошт, зеро бо дузанагии Собир созиш карда наметавонист. Мехост, дар вақти сафари хидматии Собир аз шавҳараш, аз ишқи бебарораш фирор кунаду ба зиндагии оилавиашон хотима гузорад.
…Ман савоби зану духтарони Собирро мегирам. Бояд ин корро кунам, вагарна оянда бадбахт хоҳам шуд, -худро тасаллӣ медод Маҳваш ва меандешид:
Писаронам калон шаванд, мефаҳманд, ки ман аз падарашон ҷудо шуда кори дуруст кардам. Эҳ Собир, чаро ту маро фиреб кардӣ?
Пас ту маро дӯст намедоштаӣ. Аз ту меравам, чунки дили яктопарастии ман туро бо дигаре тақсим карда наметавонад. Ана, барои ҳамин бо писари калонӣ ба назди тағоям меравам. Ҳасану Ҳусайнро бошад додарам баъди як моҳ ба наздам меорад. Қисмат ҳамин будааст…
Маҳваш то фарорасии субҳ худ ба худ гап мезаду мегирист.
-Оҳ, бахт, ту ин қадар ширин будӣ, месӯзаму хокистар мешавам, вале тақдир чунин будааст. Ин аҷуза ману туро аз ҳам ҷудо мекунад. Алвидоъ Собир!-гӯён Маҳваш акси арӯсиашонро бо қайчӣ аз ҳам ҷудо кард.
Тайёра парвоз кард, Маҳваш беихтиёр зери лаб такрор мекард: Дӯстат медорам, Собир!..»
Шаҳлои Наҷмиддин