arzon replenishment
Дарди дили як зани муҳоҷир
1084


Салом! Ман як ҷавонзани муҳоҷири тоҷик мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл кунам, то ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гардад.

Ҳуснигул ном дорам. Худованд ба ман ҳусну ҷамоли зебо, ақли расо ва дастони пурҳунар ато намуда бошад ҳам, бахт надодааст.

Волидонам дар синни 18-солагӣ маро ба як хеши дурамон ба шавҳар доданд. Падару модарам маро дар оташ намепартофтагистанд гуфта, домодро надида, ба тӯй розигӣ додам, вале баъди никоҳ фаҳмидам, ки сахт хато кардаам. Падару модари шавҳарам бо мо риштаи хешутаборӣ дошта бошанд ҳам, ману волидонамро фиреб карда будаанд. Онҳо бемор будани писарашонро аз мо пинҳон доштанд. Ман баъди гузаштани тӯй фаҳмидам, ки домод ба касалии рӯҳӣ гирифтор будааст.

Шаби аввали арӯсӣ дар таги чорар домодро “препадка” ё тавре ки тоҷикони худамон мегӯянд, дарди “шайтонламиш” гирифт. Чашмонаш сафед шуда, дасту пойҳояш мепариданд ва аз даҳонаш кафкоба мерехт. Модару хоҳарони домод ва хешу таборашон бо доду фарёд дар болои сараш чанд пиёларо шикастанд ва бо қошуқ забонашро аз даҳонаш берун карданд, то мурда намонад.

Мани арӯсак дар умрам чунин беморонро надида будам, кам монда буд, ки дилам аз тарс аз кор монад. Зор-зор гиря карда, ба тақдири бадам лаънат мехондам.
Ҳамин тавр аз рӯзи аввали зиндагӣ дилам сиёҳ шуда, қарор додам, ки баромада меравам, вале хушдоманам дар пеши пойҳоям афтида, зорӣ кард, ки тоқат кунам, писарашонро дуохонӣ мекунанд, сиҳат мешавад.

Модарам низ аз ҳодиса огоҳ шуда, маро насиҳат карданд, ки саросема нашавам. “Духтарам, охир кӣ бовар мекунад, ки домод касалии рӯҳӣ доштаасту барои ҳамин ту аз шавҳарат ҷудо шудӣ. Мо туро дирӯз бо либоси арӯсӣ гусел кардем, агар се рӯз нагузашта ба хона баргардӣ, мардум дар ҳаққат овозаҳои нохуш мебофанд, ки ин духтар ягон айби калон доштаасту барои ҳамин як рӯз пас аз тӯй ӯро аз хонаи шавҳараш пеш карданд. Обрӯи падаратро нарезон, чӣ хеле, ки набошад, тоқат кун, меваи сабр ширин аст” гӯён, модарам маро дилдорӣ дода, бо табъи гирифта ба хона баргаштанд.

Ҳамин тавр, бо умеди шифо ёфтани шавҳарам се моҳ тоқат кардам, вале ба ҷойи беҳтар шудан ҳолаш тамоман бад шуда, дигар маро тамоман намешинохтагӣ шуд. Худ ба худ гап мезад, механдид ва чунон нағмаҳое мекард, ки аз диданаш ба тани кас мурғак медамид. Волидонам умедашонро аз шифо ёфтани домод канда, маро ба хона оварданд.

Чанд моҳ пас марди дигаре талабгорам шуд ва падару модарам “одамони хуб менамоянд” гӯён, маро дубора хонадор карданд. Шавҳари дуюмам солимақл бошад ҳам, марди айёр ва фиребгар будааст. Вай қасам хӯрда буд, ки аз занаш ҷудо шудааст, аммо чанд моҳ пас зане бо се кӯдак ба сарам омада, ҷангу ҷанҷол бардошт, ки ман шавҳари ӯро гирифта, зиндагиашро вайрон кардаам ва мани бетақдир дубора хонавайрон шудам.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳар рӯз бадгӯиву миш-миши мардум ба гӯшам мерасид. Одамони аз асли ҳодиса бехабар дар ғайбам маро гунаҳкор карда мегуфтаанд, ки ин духтар худаш ягон айб дорад, ки аз шавҳари дуюмаш ҳам ҷудо шуд.


Ҳамин тавр, тоқати заҳри забони мардумро накарда, бо иҷозати волидонам ба Русия омадам. Бародаронам дар ин ҷо кор мекунанд, ман ҳам бо кӯмаки онҳо ҷойи кори хуб пайдо кардам.

Ризқу рӯзиамро ёфта истодаам. Шукри Худо, аз ҷиҳати иқтисодӣ аз чизе камбудӣ надорам, вале дар ҳамин ҷо ҳам ғайбатчиҳо маро ором зистан намемонанд. Шунидам, ки “духтари фалониро дар ин ҷо касе зан накард, Россия шавҳаркобӣ рафтааст” гӯён, баъзе ҳамсояҳо маро мазоқу масхара мекардаанд.

Ин суханон мисли ханҷар аз ҷавшани ҷонам мегузаранд. Кадом духтар ё зан мехоҳад, ки бахташ сиёҳ шуда, овораи мулки мардум гардад? Касе инро намехоҳад, вале аз тақдир ҷойи гурез нест. Ба чунин ғайбатчиҳо гуфтаниям, ки ба ҳоли дигарон нахандед, охир шумо ҳам фарзанд доред. Касе намедонад, ки ояндаи фарзандаш чӣ мешавад. “Ханда харсавору таъна пеши рӯ” мегӯянд дар урфият, нашавад, ки фардо чунин тақдири талх ба сари фарзанди худатон омада, хандахариши мардум гардед...
Ҳуснигул, аз ш. Маскав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД