Шаҳриёр ном дорам. Ронандаи таксӣ ҳастам. Бо духтаре аз Регар шинос шуда, тавассути телефон гап мезадем. Азиза худро ошиқи зор нишон дода, бе танаффус ба ман занг мезад. Маро ба сояи худаш рашк карда, талаб мекард, ки бо ягон духтар гап назанам.
Агар каме дертар телефонашро мебардоштам ё занг намезадам, занг зада гиря мекард. Хулоса, ишқи Лайливу Маҷнун дар назди ишқи мо ҳеҷ буд. Ду сол қабл ба садамаи сахт дучор гардидаму сутунмуҳраам осеб дида, дар натиҷа аз роҳгардӣ мондам. Азиза аз ҳодиса бохабар гашта, дилбардорӣ намуд, ки маро ҳеҷ гоҳ намепартояд. Хурсанд шудам, ки дар ҳақиқат маро дӯст медоштааст. Аз байн се рӯз нагузашта, модараш занг зада пурсид, ки духтурон дар бобати бемориям чӣ мегӯянд. Гуфтам, ки ҳамааш дар дасти Худованд аст, ҳоло табибон чизе гуфта наметавонанд. Модари Азиза дар ҷавоб гуфт, ки ба духтараш хостгор баромадаасту ӯ духтарашро ба шавҳар медиҳад, зеро аз сиҳат шудани ман умедвор нестанд. Хулоса, Азиза ба шавҳар баромад, ман ҳам баъди 4 моҳ сиҳат шуда, ба по хестам. Шунидам, ки Азиза аз шавҳараш ҷудо шуда, айни ҳол дар хонаи волидонаш қарор дорад. Чанд бор ба телефонам занг зада бошад ҳам, ман дигар ӯро дидан намехоҳам.
Тавассути “Оила” ба Азиза гуфтан мехоҳам, ки “Дигар ҳиллаву найрангат ба кор намеравад, духтар! Маро ба ҳолам гузор!