Олуча каме ба андеша рафта гуфт:
-Шумо ба ман писанд омадед, вале метарсам,ки падару модарам ба хостгоронатон ҷавоби рад медиҳанд.
Волидони ман одамони замонавӣ бошанд ҳам, ҳаргиз розӣ намешаванд, ки духтарашонро ба ҷавоне, ки аҳли Бадахшон нест, ба шавҳар диҳанд...
Ин хабар гушамро кар карду чашмамро кӯр, замину замон дар назарам тираву тор гашта, дигар чизеро намедидаму намешунидам...
хххххххххх
Худро тасалло дода, фикр мекардам, ки шояд Олуча бо ман шӯхӣ карда бошад, вале баъди ҳамин вохӯрӣ ӯ дигар ба зангҳои ман ҷавоб намедодагӣ шуда монд. Дар ҷавоби паёмакҳоям низ чизе наменавишт. Ман хеле вақти кам доштам, ва бояд дубора бармегаштам, аз ҳамин сабаб падару модарам ҳар рӯз мегуфтанд, ки суроғаи хонаи волидони духтари дӯстдоштааро гӯй, то хостгорӣ рафта аз паси тӯй шавем, вале ман чи гуфтанамро надониста, хомӯшӣ ихтиёр мекардам...
Байни обу оташ монда, намедонистам ба куҷо равам ва чи кор кунам. “Худоё, аҷаб санҷиши сангинеро ба сарам овардӣ” гӯён, дар дил бо офаридгор мунозира менамудам ва илтиҷомекардам, ки ба дили олуча раҳм андозад, то ки худаш ба ман занг зада, розигӣ диҳад, вале...
хххххххххх
Рӯзҳо турнасон мегузаштанду яхи дили Олуча ҳеҷ об намешуд, ки намешуд. Билохира, умедамро канда, интихоби арӯсро ба волидонам ҳавола додам. Онҳо як духтараки ҷавонро аз миёни хешу таборони худамон ёфта ба ман фотиҳа карданд.
Рӯзи тӯй низ фаро расид, вале ба чашми ман на ҳусну ҷамли арӯс метофту на ба гӯшам садои карнаю сурнай медаромад, мехостам парвна шуда ба сӯйи олуча парвоз кунам, аммо ҳайҳот...
хххххххххх
Бозии тақдирро бубинед, ки арӯсро ба хона овардему ҳамагӣ баъд аз ду рӯзи туй худи олуча занг зад. Фикр кардам, ки шяд зангириамро фаҳмидаасту маро табрик кардан мехоҳад. Дилам чунон сахт метапид, ки хаёл мекардам ҳамин ҳоло аз қафаси синаам зада мебарояд, вале..
-Баҳром, ману ту якҷоя шуда наметавонем, беҳтараш дигар ба ман занг назан, чунки волидонам умуман розӣ нестанд, ки бо ту хонадор шавам. Бароят бахт мехоҳам, ягон духтари зеборо ёфта хонадор шав,-кӯтоҳакак гуфт Олуча ва телефонро хомӯш кард.
Бо шунидани ин суханон ман умедамро куллан аз ин духтар канда, ба тақдир тан додам....
ххххххххххх
Баъди як ҳафтаи тӯй чиптаи ҳавопаймо харида, боз роҳи хориҷаро пеш гирифтам, вале алакай ин шаҳрро дигар дӯст намедоштам. Корхона ба назарам мисли кулбаи ғам менамуд. Акнун ҳар як рӯз дар ин шаҳри бегона ба назари мани ғариб мисли як сол дароз менамуд.
Волидонам бисёр пофишорӣ карданд, ки ҳамсарамро ба назди худам биёрам, вале ӯ бояд ҳадди ақал забонро меомӯхт. Пул равон кардам, то ба курсҳои забономӯзӣ дохил шавад, вале аз байн се моҳ гузашту ягон мурод ҳосил нашуд. Вақте аз муалимони курсаш пурсидам, гуфтанд, ки ҳамсаратон умуман хоҳиши забономӯзӣ надорад.
Ростӣ, хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки ӯро ба наздам биёрам, шояд дар муҳити бегона маҷбур шаваду забонро аз худ кунад, вале ин андешаам хато баромад....
хххххххххххх
Хулласи калом падару модарам чипта харида, занамро ба назди ман равон карданд, вале аз омадани ӯ зиндагии тираву тори ман ягон зарра равшан нашуд. Шабҳо сарам дар канори ҳамсарам бошад ҳам, фикру хаёлам мудом бо Олуча банд буд.
Рӯзе аз коргоҳ бармегаштам, ки ногоҳ Олуча ба сомона ворид шуд. Медонед, чӣ қадар хурсанд шудам ва чӣ кадар нерӯ гирифтам. Худро хушбахттарин марди дунё эҳсос намуда, ҳатто зан дошанамро як лаҳза фаромӯш кардам.
Олуча бо ман гарм аҳволпурсӣ намуда, навишт, ки вақте волидонам барои бо ту хонадор шудан розигӣ надоданд, тарки Тоҷикистон кардам ва айни ҳол дар як корхонаи ин кишвар кор мекунам.
Ӯро ба мулоқот даъват намудам. Хоҳишамро рад накард.
Пас азчанд лаҳза мо дар як тарабхонаи зебо во хӯрдем. Олуча мисли дӯсти ҷнӣ бо ман гарму ҷӯшон вохӯрӣ намуда, гӯё дар омади гап дар бораи оиладоршавиам пурсон шуд. Аз ин саволи дӯстдухтарам дасту по хӯрда, намедонистам чӣ гӯям. Олуча аз хомӯшиам пай бурд, ки зан гирифтаам ва дубора пурсид. Гуфтам, бале, оиладор шудам.
Оҳ, чи лаҳзаи даҳшатборе буд. Олуча ҳамаи ашёҳоеро, ки дар рӯи миз буданд, зада шикаст. Дар тарабхона шӯрише бархост ногуфтанӣ. Намедонистам ӯро чи гуна ором кунам. Вақеан ҳам, ин лаҳза барои ҳардуи мо бисёр дардовар буд, вале чи кунем, ки такдир ҳамин будааст...
Хулоса, посбонро ҷеғ заданд, милисаҳо омаданд ва маро ҷарима карданду пас аз пардохти он аз тарабхона берун шудем.
хххххххххх
Олуча намедонист, ки ҳамсари қонуниам ҳамроҳи ман аст, ман низ аз тарси рашки бадаш дар ин бора ба ӯ чизе гуфта наметавонистам. Ҳамин тавр байни ду зан монда, саргум задам. Медонистам, ки ҳамсарам ягон гуноҳ надорад, вале ҳеҷ ба ӯ дил баста наметавонистам. Дилсарии маро эҳсос крада, баъди чанд моҳ занам аз ман хоҳиш кард, ки ӯро ба Тоҷикистон гусел кунам. Бе дудилагӣ равонаш кардам, зеро зиндагии мо на ранг дошту на бӯй ва на ягон мазмуну маънӣ. Фарсахҳо дур будан аз чунин боҳамии дардовар барои мо беҳтар буд.
хххххххххххх
Ману Олуча хеле кӯшиш карда бшем ҳам, ишқро дар дили худ кушта натавонистем. Ман то имрӯз ба ғайр аз ҳаимн духтари Бадахшонӣ дигар ягон занро ба хонаи дилам роҳ дода натавонистам, аммо аз тарафи дигар дилам ба ҳолиҳамсари қонуниам месӯзад. Ман худро дар назди занам гунаҳкор ҳис мекунам, чунки натавонистам ҳамчун мард ӯро дар зиндагӣ хушбахт созам. Ҳамсарам низ натавонист дили аро ба худ моил гардонад. Намедонам сабаб дар таҷриба надоштанаш аст ё ӯ низ каси дигареро дӯст дшту зӯран о ман никоҳаш карданд, вале ҳарчи буду набуд, мо даряк бистарсар монда бошем ҳам, ду нимаи як ҷисм ва ба маънии томаш зану шавҳар шуда натавонистем.
Зиндагӣ чӣ тазодҳое, ки надоштааст. Занам дар Тоҷикистон у ман ҳазорон фарсах дур аз ӯ бо ёди як зани дигар шабҳоро саҳар мекунам. Ҳис мекунам, ки вақтҳои охир ҳамсари қнуниам низ чандон майли бо ман сӯҳбат кардан надорад,вале намехоҳам талоқаш диҳам ва номи сахти бевагиро гирифта ба хнаи волидонаш бо сари хам баргардад. Намехохам таънаи дӯсту душманро шунавад, вале дузана будан ҳам намехоҳам. Намехохам ду ҳамсар дошта бошам ва як умр байни ду зан мисли мокӯ такудав кунам, аммо на аз Олуча дил канда метавонам ва на аз баҳри ҳамсарам гузашта.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад?