Салом ба муштариёни сомонаи Оила. тч
Ман як ҷавонмарди ғариб мехоҳам сарнавиштамр ба шумо қисса карда,м аслиҳат бипурсам, зеро имрӯзҳо миёни ду зан қарор дорам ва ҳардуяшро аз даст додан намехоҳам.
Пас аз хатми мактаби миёна ба яке аз донишгоҳҳои шаҳри Маскав ба таври онлайн дохил шудам. Донишам, ки хуб буд, донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам ва маро ба яке аз кишварҳои тараққӣ кардаи ҷаҳон фиристоданд. Рузона ба кор мерафтаму дар вақтҳои холигӣ ба интернет ворид шуда, аз хабарҳои нав огаҳ мешудам.
Ҳар касе, ки дар ҳиҷрат аст, дарди дили маро хубтар дарк мекунад. Вақте инсон дур аз зодгоҳ ва ёру диёраш аст, касро бе ихтиёр хумори сухани тоҷикӣ, хумори расму оин ва сӯҳбатҳои тоҷикона мегирад. Ман низ ба хтири шикастани хумор тариқи смонаҳои интернетӣ бо тоҷикони дигар ошно шуда, андешаҳояшонро дар ҳар мавзуъ пурсон мешудам, вале он вақтҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе интернет эҳсоси ишқро дар дилам бедор месозад. Фикр намекардам, ки танҳо бо сухан ошиқи шайдои духтаре мешавам, ки мисли ситора ба даст оварданаш хеле сангин аст, вале...
Хулоса, боре тариқи интернет бо як духтараки зебои тоҷик, ки дар шаҳри душанбе зиндагӣ мекардааст, шинос шудам. Духтари босавод, бо ақл ва донандаи чанд забони хориҷӣ буданаш ба ман хеле писанд омад ва минбаъд тез-тез ҳамроҳаш сӯҳбат мекардагӣ шудам. Ҳарчанд вақти холӣ надошта бошам ҳам, кушиш мекардам, ки ақаллан чанд лаҳза фурсат ёфта, аз сӯҳбатҳи пурмазмунаш каме баҳравар гардам.
Хулласи калом, ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ишқи ин гулдухтари тоҷик дар қалбам реша давонд. Ончунон дӯсташ доштам, ки қалам дар тавсири ин эҳсосот ва ин муҳаббати бузург оҷизӣ мекашад.
Дертар фаҳмидам, ки дӯстдухтарам зодаи Бадахшон будааст. Ман хуб медонистам, ки духтарҳи бадахшонӣ бо ҷавонони тоҷик издивҷ намекунанд ва мардуми мо низ аз ин қавм келин гирифтанро чандон хуш надоранд, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда меҳрам нисбати ин духтарак торафт зиёдтар мегашт. Чашми ман ба ғайри он паричеҳра дигар касеро намедид ва дар мулки бегона танҳо бо тамоши суратҳову баҳравар гаштан азсӯҳбати ҷонбахшион нозанини бадахшӣ, ки Олуча ном дошт, зиндагӣ мекардам.
Муносибати мо ба таври онлайни сурат гирад ҳам, мисли дигар ошиқону дилдодагон байнамон ҷангу ҷанҷол ва қаҳру нозу нуз набуд.
Олуча духтари соҳибмаълумот буд ва ман фикр мекардам, ки бо чунин нозанини забондон хонадор шуда, минбаъд дар масъалаи кор ва зиндагӣ дархориҷи кишвар низ ягон душворӣ намекашам, вале...
Падару модарам тез-тез занг зада мегуфтанд, ки бояд оиладор шавам. Онҳо барои ман аллакай арӯс ҳам интихоб карда буданд, вале рухсатиамро баҳона карда, ин масъаларо ҳамеша қафо мепартофтам. Олуча мегуфт,ки нияти дар хриҷи кишвар таҳсил кардан дорад. Ман ба ӯ пешниҳод намудам, ки ба назди ман ояд, дар тамоми кору бораш то ҳадди имкон ба ӯ ёрӣ мерасонам. Мехостам бо ин духтари нозанин наздиктар шинос шавам ва баъдан бо тӯю тамошо бо Олуча хонадор шуда, ҳаётамр минбаъд бо ин зебосанам гузаронам, вале...
Намедонам дар ин миён чи шуду чи монд, ки сафари Олуча ба таъхир афтид. Дӯстдухтарам навишт, ки имкон имсл барои таҳсил ба хориҷа рафтанро надорад, чунки падару модараш хонаашонро фурӯхта, ба ҷойи дигар кӯчидан мехоҳанд. Мани ошиқи зор сабту тоқати як соли дигар интизор шуданро надоштам ва қарор ддам, ки ба Тоҷикистон мераваму якбора ба хонаашон хостгор фиристода, олучаро ба занӣ мегирам ва ҳамрҳи ҳамсарам бармегардам.
Хулоса, бо ҳамин нияти нек аз ҷойи корам рухсатӣ гирифтам ва чиптаи шҳавпаймо харида, ба Тоҷикистон парвоз кардам.
Аввалин коре, ки баъди ба Ватан расидан кардам, ин занг задан ба Олуча буд. Пештар мо ҳамдигарро танҳо тариқи интернет медидем, баъди оне, ки лучаро аз наздик дидам, дилам бештар моили ҳусну ҷамли малакутиаш гашта дар ҳамон мулоқоти аввал ба ӯ пешниҳоди хонадор шудан намудам. Олуча каме ба андеша рафта гуфт:
-Шумо ба ман писанд омадед, вале метарсам,ки падару модарам ба хстгоронатон ҷавоби рад медиҳанд. Волидони ман одамони замонавӣ бошанд ҳам, ҳаргиз розӣ намешаванд, ки духтарашонро ба ҷавоне, ки аҳли Бадахшон нест, ба шавҳар диҳанд...
Ин хабар гушамро кар карду чашмамро кӯр, замину замон дар назарам тираву тор гашта, дигар чизеро намедидаму намешунидам...
(Давом дорад)