-Рӯзғорро ғор мегӯянд, ҳар чӣ қадаре, ки бошад, фурӯ мебарад. Имрӯз одамон зану шавҳар кор мекунанду боз наметавонанд зиндагии пур дошта бошанд,вале шумо сари танҳо ин корро карда тавонистед.
Ду духтарро бо сари баланду номи нек ба хонаи бахташон гусел карда, писаратонро зан додед. Ин кори саҳлу осон нест....
-Ситораҷон, ман ҳам бо умеди он ки замони пирӣ мададгорам шуда, маро дар болои ҳафт қабат кӯрпача менишинонанд, тамоми ҳастиамро, буду набудамро, умрамро фидои бачаҳоям кардам, вале.... Хайр, ба ҳаминаш ҳам шукр, ки аз дар берун намекунанд. Писарам ба хона роҳ надиҳад, чӣ мешуд?
- Оббо, холаи Саодат! Шумо чиҳо мегӯед. Наход фарзанд аз модараш рӯй гардонад! Шумо бо чунин фикрҳои беҳуда аз баччаҳоятон метарсидагӣ шудаед ва онҳо аз ин истифода мебаранд...
Садои ҷирингоси телефон ба миёни гапи ҳарду лагад заду сӯҳбати ширини онҳоро бурид.
- Ало, лаббай духтарам.
-Дар куҷоед?-Бе салому алайк аз он тарафи гӯшӣ садо омад.
-Дар кор ҳастам. Чӣ гап шуд, тинҷӣ аст? Ҳолат хуб?
- Хуб бошад ба шумо занг мезадам?! Маро шарманда кардед!- Чун овоз аз он тарафи гӯши баланд омад, кампир хиҷолат кашида аз назди Ситора дуртар рафт.
-Чанд бор гуфтам, ки назди хонаи дугонаамро нарӯбед. Боз ҳамон ҷо рафта роҳ мерӯбед ва бар замми ин, соатҳои нишаста чақ-чақ мекунед. Дугонаам шуморо дида, дар назди ҳама маро сарзаниш мекунад, ки "ҳоло ҳам модарат кор мекунанд, шумоён ба он кас нигоҳ намекунед, садқаи чунин модар шавед" гуфта. Боз таъна мезанад, ки "барои гап хӯрдан пул дориву барои модарат не". Ба дугонаам ҳам дарди дил кардагистед. Ба ман пул доданатонро ҳам гуфтагистед...
Холаи Саодат ба бетанаффус гап задани духтараш гӯш медоду оби чашмонаш шашқатор шорида, чеҳраи нурониашро мешуст. Кампир бисёр мехост "дугонаат дуруст гуфтааст, раҳмат ба падараш" гӯяд, вале лаб фурӯ баста бо диққат ба ҳарфҳои ҷигарбандаш, ки аз вай ин гуна умед надошт, гӯш медод. Духтари Саодатхола "ба шумо гап задан бе фоида" гӯён телефонро хомӯш кард.
Ситора гапро тамом кардани холаи Саодатро дида ба наздаш рафту ӯро маҳкам ба оғӯш гирифт. Кампир бо чашмони пурашк худро ба оғӯши ин духтараки меҳрубон, ки сирдошаш буд, андохт. Дар ҳоле, ки ашк гулӯгираш карда буд, вай базӯр удро нигоҳ дошта, бо овози ҳазин гуфт:
-Ситораҷон, бе шавҳар ба воя расонидани фарзандон душвор будааст.... Бениҳоят душвор...
-Холаҷон, зиқ нашавед, як рӯз не, як рӯз ҳамааш хуб мешавад. Рӯзе фарзандонатон хатоҳои худро дарк мекунанд ва албатта аз корҳои кардаашон пушаймон шуда аз шумо узр мепурсанд.
- Кош меҳри онҳоро дар зинда буданам бинам. Бигзор аз ман узр напурсанд... Ба ман меҳр лозим, танҳо... - гиря гулӯяшро фишурд, кампир талх-талх гирист...
- Холаҷон аз шумо як чиз пурсам, чаро ин қадар ҷавон аз шавҳаратон бева монда, дигар шавҳар накардед?
- Нахостам фарзандонам дар дасти падари ӯгай ба воя расанд. Аслан гирем гап дар худи одам аст. Мана ту ҳам бе падар калон шудаӣ, лекин тамоман инсони дигар ҳастӣ. Духтари меҳрубону мушфиқ. Намедонам чаро фарзандони ман ин қадар номеҳрубонанд. Ман ба онҳо ба ҷуз меҳр дигар чизе надодаам, ҳатто дар сари қаҳр ҳам ягон бор бачаҳоямро назадаам, вале... Эҳ Ситораҷон аз ҳама аламовараш медонӣ чӣ....- Саодатхола дастони духтаракро маҳкам дошта сукут кард ва оҳи чуқуре кашида ба гапаш идома дод...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев