Arzon march 2024
Дарди дили духтари героинкаш
06.12.2022
Mahina
1883

 

Дӯсти ман табиби нарколог аст ва дар бемористони наркологӣ кор мекунад. Самти фаъолияти вай табобати нафарони мӯътод – майзада ва нашъаманд аст.

Вале дар ин қисса на аз дӯстам, балки аз рӯзгоре духтараке бароятон қисса мекунам, ки пойбанди героин шудаву наметавонад аз ин заҳри қотил наҷот ёбад...

                        Шиносоӣ

Шояд хонандаи кунҷкоби “Оила” пурсад, ки пас чаро ин қиссаро аз дӯсти табибам оғоз кардам. Ёдоварӣ кардани доктор Маъруф бесабаб нест, зеро бо қаҳрамони ин қисса – Гулнора ба воситаи ӯ ошно шудам.

Бояд баъди кор ба маъракае мерафтем. Ба Маъруф занг задам, ки ҳамроҳ равем. Гуфт, дар ҷойи кораш аст ва ду-се мизоҷ дорад. Онҳоро муоина кардаву барояшон дорухат менависад, баъд ҳамроҳ ба маърака меравем.

Ман то бемористони наркологӣ расидаму мизоҷони ӯ тамом намешуданд. Ба ҳуҷрааш рафтам, ки бо як духтар, не, аниқтараш бо як паричеҳра суҳбат дошт.

Духтар хеле афсурда буду мегирист:

-Духтурҷон, натавонистам. Баъди 74 рӯзи табобат гирифтану тавба карданам, тоқатам тоқ шуд...

-Узр, ман дар берун мунтазир мешавам, - гуфтма дарро пӯшиданӣ шудам.

-Не, даро, - гуфт, Маъруф...

Ва ба зан нигариста гуфт:

-Гулнораҷон, худатонро ба даст гиред. Ман ба шумо ин доруро менависам. Шуморо каме мадҳуш мекунад, вале аз гузаронидани героин эмин мемонед.

Худамро дошта натавониста пурсидам?

-Магар ин зани зебо героин мекашад? – ва аз нигоҳи маънидори Маъруф пай бурдам, ки суолам беҷост. Узр пурсиданӣ шудам, ки Гулнора гуфт:

-Бале, ман наркоман ҳастам... – ва гиря гулӯгираш кард.

-Зиқ нашавед, ман журналистам, бо нафарони мӯътод зиёд суҳбат доштам, - гуфтам.

Пас, саргузашти маро ҳам нависед, - гуфт, Гулнора.

             Дарди дили бойдухтар

Ба симои ин духтараки нозанин нигариста, ҳеҷ гумон намекардам, ки сарнавишти ӯ чунин талху печида аст:

-Аз кӯдакӣ, оромак будаму сархам. Гарчанде дар оилаи сарватманд ба воя расидам, хушахлоқ будам. Падару модарам пайваста аз он шиква мекарданд, ки мани сархам дар ҳаёт роҳамро ёфта наметавонам.

“То кай гунгу гаранг шуда мегардӣ, ҳамроҳи дугонаҳоят ба кӯча баро, сайругашт рав. Дар хона шиштан гирӣ, оянда чӣ тавр оила барпо мекунӣ?”- гуфта, модарам ҳамеша маро талқин мекард, ки тарзи зиндагиамро тағйир диҳам.

Ҳамин тавр ман бо дахолати модарам оҳиста-оҳиста дугона ёфтаму ҳаётам гӯё тағйир ёфт. Сайру саёҳат, тарабхонаву истироҳатгоҳҳо мерафтам.

Бо бойдухтарҳои шаҳр ошно шуда, либосҳои нав ба нав мепӯшидаму кайфу сафо карда мегаштам. Фикр намекардам, ки рӯзе гирифтори бало мешавам.

               Ғуломи нашъа

Аз ҳусну ҷамоли худодод болида аз давлати падари сарватмандам савлат карда мегаштам, парвои оламу одам надоштам. Оҳиста-оҳиста дар зиндагии ман шабнишиниҳо пайдо шуд.

Гоҳ-гоҳ бо пешниҳоди дугонаҳоям вино менӯшидам... Хуллас, зиндагии шоҳонае доштам, ки он на ба ҳар кас муяссар мегардид.

Як ҳамсабақи донишгоҳиям, ки падари сарватманд дошт, ба ман изҳори муҳаббат кард. Модарам хурсанд буд, ки ман дар зиндагӣ муваффақ шудам: дугонаҳои замонавӣ ёфтам, мағоза кушодам, шавҳар ҳам пайдо шуд, вале ӯ намедонист, ки ман аллакай ғуломи нашъа гаштаам.

Нашъаманд шудани ман ногаҳонӣ буд. Ман ҳеҷ гоҳ намехостам, ки гирифтори ин вабо шавам, вале...

Дар шабнишиниҳо дугонаҳоям ё дӯстоне, ки бо мо буданд, маводи нашъадорро дар дохили сигор ҷой карда, бо навбат мекашиданд.

Ба ман ҳам медоданд. Ман низ аз дуди он як ё ду бор мекашидам. Ҳамин тавр, аз кайфи он махмур шуда, шодиву хурсандӣ мекардам.

             Сире, ки ошкор шуд...

Яке аз шабҳо ба шабнишинӣ даъват шудам. Кори мағоза хуб пеш намерафту каме асабӣ будам. Дар ҳалқаи мо Собир ном ҷавоне ҳам пайдо шуд. Хеле хушсуҳбат буд.

Дугонаҳоям сабаби зиқ буданамро пурсиданд ва чун фаҳмиданд проблема дорам, маро ором карданӣ шуда, бароям, хоки хокистаррангеро пешниҳод карданд.

“Аз ин каме дар биниат каш, тамом, ҳама мушкилотат рафъ мегардад.”- мегуфт, яке. “Ин роҳати ҷон”-мегуфт, дигаре.

Хулоса, бо тавсияи дугонаҳо бо нойчаи махсус ба биниам маводи нашъаро кашидам. Дар як лаҳза дунё дар назарам тағйир кард, сарам тоб хӯрд. Он шаб хеле рақсидаму хурсандӣ кардам.

Ҳамин тавр, шаби дуюму сеюм ва чоруму панҷум аз Собир нашъа мехаридам. Ӯ ҳам қабза-қабза пулҳои маро гирифта, бароям героин меовард.

Ман хеле ҳасос шуда будам, аммо вақте нашъаро мекашидам, ором будаму ширинзабон, бинобар ин, касе намедонист, ки нашъамандам.

Пас, ин сир чӣ гуна ошкор шуд?

Ҳамсари бародарам хонаи маро тоза карда, аз болои миз, селофани героинро низ ба партов партофтааст. Шаб вақте хумори нашъа гирифту онро дар ҷояш наёфтам, аз худ бехуд шуда, хонаро ба сарам бардоштам.

Падару модарам тарсида буданд, бародаронам лол монданд... Ҳамон шабро базӯр рӯз карда, саҳар Собирро ёфтам ва каме нашъа кашида, хумор шикастам.

               Дар хонаи шавҳар

Дар ин миён шавҳар кардам. Шавҳарам хеле ҷавони нағз буд. Маро дӯст медошту ҳурмат мекард. Оилаи онҳо ҳам ба ман эҳтиром мегузоштанд. Банда ҳам хизматашонро ба ҷо меовардам.

Вале касе намедонист, ки ман келини нашъамандам. Шабу саҳар як доза героин кашида, кору бори хонаро сар мекардам, кори мағозаро ҳам хеле хуб пеш мебурдам, вале Собир, ки ба ман пайваста героин меовард, якбора гум шуд. Ӯро се рӯз ҷуста наёфам. Яке аз дугонаҳоям гуфт, ки Собирро барои фурӯши маводи мухаддир зиндон кардаанд...

Ягона василаи героинхарии ман Собир буд. Ман роҳи дигар ва шиноси дигар надоштам, бинобар ин, 3-4 рӯз азоб кашидам. Дар хонаи шавҳарам истода натавонистам.

Ба хонаи падару модарам омада, дару деворро ба ҳам мезадам. Як рӯз тариқи телефон як героинфурӯшро ёфта, ба суроғаш рафтам, вале ба дасти кормандони милитсия афтодам. Ҳамин тавр, героинкаш будани ман дар ҳама ҷо овоза шуд.

Шавҳарам бо пофишориҳои хушдоманам маро талоқ дод. 6 моҳ дар пушти панҷара будам, ҳам табобат гирифтам, ҳам муҳлати зиндонӣ буданамро адо кардам.

Пас аз 6 моҳ ба озодӣ баромадам, вале дигар героинро партофта натавонистам. Қудратам намерасад. Наметавонам, ҳаёти ман сӯхтааст...

                   Ҳаёти сӯхта

Гулнора ин ҳарфро мегуфту мегирист.

-Ман дар назди доктор Маъруф як соли охир табобат мегирифтам. Баъди табобат 74 рӯз героин накашида будам, вале тоқат карда натавонистам ва шаб тавбаамро шикастам.

-Ҳеҷ гап не, Гулнора. Ман ба шумо гуфта будам, ку гоҳ-гоҳ дар ҳолати стресс шумо ба героин майл пайдо мекунед. Ҳамон лаҳза бояд ба ман телефон кунед, ки ба шумо доруи оромкунанда гузаронам. Муҳим он ки шумо аз ин бало наҷот ёфтан мехоҳед.

-Ҳаёти ман сӯхтааст, ман дигар инсон нестам. Ман тамом шудаам. Марг бар ман, - мегуфт, Гулнора.

Доктор Маъруф як ҳабро бо об ба ӯ нӯшонид ва оромаш кард. Ба хонаатон равед. Ҳамаш нағз мешавад, шумо аз ин дард шифо меёбед, - гуфта, Гулнораро гусел кард.

Пас аз рафтани Гулнора бо афсӯс гуфтам:

-Ҳайфи чунин ҳусну ҷамол...

-Э ҷӯра, ман ҳар хел бемор дорам. Аз ин зеботар, аз ин бойтарҳо ҳастанд. Одамон омода ҳастанд, ки ҳазорон долларро сарф кунанд, то аз панҷаи нашъа халос шаванд, вале... ин ба ҳар кас муяссар намешавад. Ирода лозим...

Бо доктор Маъруф ба маърака равон шудем, вале хаёли ман ҳамоно ба Гулнора банд буд. Оё ӯ тарки героин мекарда бошад?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД