Sebiston new 2024 october
Дарди дили арӯсе, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад
18.06.2023
ОИЛА
1917


Як сол пеш волидонам маро бо дуои сафед ба хонаи бахтам гусел намуданд. Оилаи шавҳарам камбағал буда дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаанд.

Ба ғайр аз ману шавҳарам дар ин ҷо боз ду ҳеварам, ду қайсингил ва хусуру хушдоманам зиндагӣ мекунанд. Ҳамаамон дар як хонача хоб мекунем. Хусуру хушдоманам, ки одамони коргар ҳастанд, бегоҳ хаставу беҳол баргашта, хӯроки шомашонро мехӯранду аз ман хоҳиш мекунанд, ки ҷойгаҳояшонро партоям.

Барои ҳама аъзоёни оила паҳлӯ ба паҳлӯ бистари хоб меандозам. Акнун худатон фикр кунед, ки дар чунин шароит аҳволи зану шавҳари ҷавон чӣ мешавад? Ману шавҳарам дар бадали як соли зиндагиамон танҳо ду шаб мисли зану шавҳар зиндагӣ кардаему халос. Шавҳарам бо ман наздикӣ карда натавониста, маро зери мушту лагад мегирад. Хушдоманам парвои мо надорад, ин зани рӯзгордида беғамона келинпошшо, ягон вақт хона, ки харем, баъд шумоён бемалол зиндагӣ карда, аз ҳамдигар сер мешавед» мегӯяд, вале писараш аллакай ҷонбезор шудаасту шабҳо ба хона намеояд. Сабаби наомаданашро пурсам, даст афшонда мегӯяд, ки беҳуда зан гирифтам. “Бахт бахти аввал аст” гуфта ба ҳамаш тоқат мекунам, вале болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам ҳар рӯз «писари ман ягон айб надорад, келин, ту чӣ бало дорӣ, намезоӣ?» гуфта асабамро вайрон мекунад. Аввалҳо “Холаҷон, фарзанд доди Худо аст” гуфта, бо ҳамин риштаи гапро ба дигар тараф мекашидам, вале вақтҳои охир ҳамеша маро «гови қисир» гуфта, таъна задани кампир ба дилам ҳамчун тир мехалад. Аз ин таънаи хушдоман рӯзе сад бор мемураму зинда мешавам. Косаи сабрам лабрез гашт, дирӯз гириста-гириста ба шавҳарам гуфтам, ки модарат маро таъна зада гови қисар мегӯяд, охир ману ту ба ном зану шавҳар бошем, ман аз куҷо ҳомиладор шуда фарзанд таваллуд кунам?! Шокир чӣ кор карданашро надониста маро ба хонаи модарам оварда монд. Сарҳисоби зиндагиро гум кардам, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, то аз хонандагони сершумораш маслиҳат бипурсам.

Илтимос, ба ман роҳи дурустро нишон диҳед. Ба «гови қисир» гуфтанҳои хушдоманам тоқат карда, умри ҷавонамро дар ҳамон обшежит хазон кунам ё аз баҳри чунин шавҳардорӣ баромада, ба қавли пирон таёқамро ба равшанӣ занам?
М., хонандаи «Оила».

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саида 2023-06-21, 15:26
Хохари азиз. Хечвакт барнагардед ба он чо хуб ки сари вакт чудо шавед. Шумо холо чавон хамааш аз пеш пешрави кунед хонед ё инки ба кор дароед. Он инсонхо агар баномус мебуданд хечвакт дар як хона хамакаса зиндаги намекарданд шавхаратон аз он чумла марже ки ба зан даст мебардорад у мард нест. Маслихати ман хамин ки чудо шавед хубтараст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саида 2023-06-21, 15:26
Хохари азиз. Хечвакт барнагардед ба он чо хуб ки сари вакт чудо шавед. Шумо холо чавон хамааш аз пеш пешрави кунед хонед ё инки ба кор дароед. Он инсонхо агар баномус мебуданд хечвакт дар як хона хамакаса зиндаги намекарданд шавхаратон аз он чумла марже ки ба зан даст мебардорад у мард нест. Маслихати ман хамин ки чудо шавед хубтараст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД