Дар зиндагии оилавӣ байни зану шавҳар чӣ муҳим аст: ҳамдигарфаҳмӣ ё мубориза?
18.10.2025
Oila.tj
108

Зан дар мағоза барои пардохт истода буд. Вақте, ки сумкаашро кушод, то барои харидҳояш пул диҳад, хазинадор дар дохили ҷомадони зан пулти телевизорро дид ва бо табассум пурсид:

- Оё ҳамеша пулти телевизорро бо худ мегардонед?

Зан ҷавоб дод:

- Не, ҳамеша не, аммо шавҳарам розӣ нашуд, ки барои харид бо ман биёяд, чун бозии футбол дошт. Барои ҷазо доданаш пултро бо худ овардам.

Ҳикмат: Ҳамеша ҳамсаратро ҳамроҳӣ кун ва дастгириаш намо.

Аммо достон тамом нашуд.

Хазинадор хандид ва тамоми маводеро, ки зан харида буд, бозгардонд.

Зан бо тааҷҷуб пурсид:

- Чӣ кор мекунӣ?

Ӯ бо табассум гуфт:

- Шавҳарат корти бонкиатро бекор кардааст.

Ҳикмат: Ба завқ ва дилбастагиҳои шавҳарат эҳтиром гузор.

Аммо боз ҳам тамом нашуд.

Зан корти бонкии шавҳарашро аз сумка баровард ва ба хазинадор дод.

Ҳикмат: Қудрат ва зиракии занро сабук нагир.

Аммо боз ҳам анҷоми қисса нест.

Вақте хазинадор кортро ба дастгоҳ гузошт, паёме бар рӯи экран пайдо шуд:

«Лутфан рамзеро, ки ба телефони шумо фиристода шуд, ворид кунед».

Ҳикмат: Вақте ба назар мерасад, ки шавҳар дар остонаи шикаст аст, донед, ки ӯ нақшаи дигаре дорад.

Аммо ҳоло ҳам идома дорад...

Зан бо табассум телефони шавҳарашро аз сумка берун овард, чун онро ҳам бо пуллт гирифта буд, то шавҳараш халал нарасонад.

Рамзро ворид кард, харидро анҷом дод ва бо эҳсоси пирӯзӣ ба хона баргашт.

Ҳикмат: Ҳеҷ гоҳ зани ба қаҳр омадаро кам арзёбӣ накун.

Аммо боз ҳам анҷом нашуд.

Вақте ба хона расид, дид мошин дар назди дар нест ва бар рӯи дар навиштае часпонида шудааст:

«Пуллтро наёфтам, рафтам бо дӯстонам бозиро тамошо кунам. Дертар бар мегардам. Агар чизе хостӣ, занг бизан».

Аммо мушкил дар он буд, ки ӯ калиди хонаро ҳам бо худ бурда буд!

Ҳикмат: Ҳеҷ гоҳ кӯшиш накун шавҳаратро назорат кунӣ, зеро дар ниҳоят худат зиён хоҳӣ дид.

Ҳикмати аслии ин қисса он аст, ки дар зиндагӣ ҳамдигарфаҳмӣ бояд бошад байни марду зан. Агар зану шавҳар роҳи муборизаро бо ҳам пеш гиранд, мисли зану шавҳари қиссаи мо ин мубориза идомадор хоҳад буд ва ба манфиати касе нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД