arzon replenishment
Дар Зимбабве барои таъмини ғизои аҳолӣ 200 филро мекушанд
16.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1258

Дар Зимбабве мақомот ба қароре омадаанд, ки барои таъмини ғизои аҳолӣ, ки бо сабаби хушксолӣ дучори гуруснагии шадид шудаанд, 200 филро бикушанд.

Бино ба иттилои The Guardian, мақомот алакай супоришҳои дахлдорро додаанд ва филҳо аз ҷумла дар бузургтарин мамнуъгоҳ - Хванге шикор карда хоҳанд шуд.

Тавре Газета.ру хабар медиҳад, вазири муҳити зисти Зимбабве гуфтааст, ки «мо бо ZimParks ва дигар ҷомеаҳо вазъиятро баррасӣ мекунем ва имкон фароҳам меорем, то занҳо гӯштро хушк карда бастабандӣ намоянд ва кафолат диҳанд, ки он ҳатман ба дасти нафарони ниёзманд мерасад».

Бояд гуфт, ки имсол имсол хушксолии шадид дар Зимбабве ва Намибия боиси ҷорӣ шудани ҳолати изтирорӣ дар ин кишварҳои Африқои Ҷанубӣ шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД