Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонунеро имзо кард, ки ҷавобгариро барои ҷиноятҳои ҷинсӣ нисбати кӯдакони то 14-сола сахттар мекунад. Тибқи тағйироти нав, ҳабси абад ҳамчун ҷазои ниҳоӣ барои чунин ҷиноятҳо пешбинӣ шудааст.
Бар асоси қонуни нав, ба панҷ кодекс ва шаш қонуни кишвар тағйирот ворид карда мешавад. Тағйирот ба сахттар шудани ҷавобгарӣ барои як қатор ҷиноятҳои зидди кӯдакон, аз ҷумла иҷро накардани уҳдадориҳои падару модарӣ, озори ҷинсӣ, вайрон кардани талаботи синни никоҳ ва дастрас кардани маълумоти ба саломатии кӯдакон зараровар равона шудаанд.
Ҳамчунин, тибқи қонун, сабук кардани ҷазо барои ҷиноятҳои қасдие, ки боиси марги кӯдак мешаванд, манъ карда мешавад.
Қаблан Саида Мирзиёева, роҳбари Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон ва духтари Шавкат Мирзиёев пешниҳод карда буд, ки барои таҷовуз ба ноболиғон ҳукми қатл ҷорӣ карда шавад.
То қабули тағйироти нав, барои зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон дар Ӯзбекистон то 20 соли зиндон пешбинӣ мешуд.