Дар кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон лоиҳаи нави қонунеро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки тибқи он ба мардоне, ки ҳамсаронашон ба тозагӣ фарзанд ба дунё овардаанд, рухсатии меҳнатии музднок дода мешавад.
Мақсад аз таҳияи қонун риояи принсипи баробарҳуқуқӣ, таъмини имкониятҳои баробари меҳнатӣ барои занону мардон ва барҳам задани ҳама гуна шаклҳои хушунат дар ҷодаи меҳнат аст.
Дар сурати қабул шудани ин қонун аз ҷониби парлумони кишвар, минбаъд дар Ӯзбекистон мардоне, ки занҳояшон фарзанд таваллуд кардаанд, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар муддати як моҳ баъди ба дунё омадани кӯдак 5 рӯз рухсатии меҳнатии музднок бигиранд. Ин имкон медиҳад, ки мардон дар чунин давраи ҳасос бештар дар канори зану фарзанди худ бошанд ва ба ҳамсарашон, ки ба тозагӣ модар шудааст, кумак расонанд.