1xbet
Дар Зафаробод ишқи 2 ҷавон бо куштори ваҳшиёна анҷом ёфт
219

Кормандони милитсия дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як ҷавони 20-солаи маҳаллиро бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир намудаанд. Боздоштшуда дар куштори духтари дӯстдоштааш муттаҳам дониста мешавад.

Тавре ВКД хабар додааст, байни ин ҷавон ва духтари дӯстдоштааш, ки 19 сол доштааст, риштаи ишқу муҳаббат вуҷуд дошта, ҷавон ба хонаи духтар чанд маротиба хостгор фиристодааст, вале волидони духтар рад кардаанд. Хостгориашро қабул накардани волидони духтар боиси қаҳру ғазаби ҷавон гашта, субҳи 5-уми сентябр духтарро бо фиреб ба мошини шахсиаш савор карда, ба деҳаи Логин бурдаааст ва ба як бинои нимсохта дароварда, аввал 16 корд зада, баъдан ба сару рӯяш бензин пошида, оташ задааст.

Духтарак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД