Дар як садамаи нақлиётӣ падари ҷавон бо ду тифлаш ҷон бохт
179

Дар як садамаи фоҷиабор дар вилояти Хатлон падари ҷавоне бо ду тифли хурдсолаш ҷон бохта ва танҳо яке аз онҳо зинда мондааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки садама шоми 9-уми январ дар ҳудуди ҷамоати Кайқубоди ноҳияи Қубодиён ба вуқуъ пайвастааст. Ба гуфтаи вазорат, Ҷӯрабек Сафарови 32-сола ҳангоми ҳаракат дар мошин аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва дар натиҷа мошин ба канал ва ё наҳри назди хонаашон чаппа шудааст.

Дар ин фалокат худи падар ва тифлони 4-сола ва 2-солааш Абдулло ва Яҳё дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд ва писари бузургӣ Муҳаммад захм бардошта, дар шифохона бистарӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД