Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз фавти 2 нафар ва ҷароҳат бардоштани 3 нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 26-уми майи соли 2025, соати 09:30 дақиқа дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Автомошинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, рақами давлатиаш tranzit 01TJ К5436Y, ки аз ҷониби як сокини деҳаи Рохути ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, бо чор мусофираш ба як ҷарии тақрибан 400-500-метра сарозер шудааст. Бар асари ин ҳодисаи нохуш ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардошта, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.
Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти масусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, тариқи асбобҳои буранда аз дохили автомашина 3 нафар ҷароҳатбардоштагон ва 2 нафар фавтидаро баровардаанд.
Сабаби садамаи маргбор дақиқ нест, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки мошин бо сабаби аз уҳдаи идораи он набаромадани ронанда ба ҷарӣ чаппа шудааст.