Салом! Ман модари 4 фарзанд ҳастам-ду духтару ду писар. Ростӣ мо як якхонагӣ дорем, аз ҳамин сабаб маҷбурем, ки шабҳо ҳама дар як хона хоб равем. Ҳамсояҳоямон мегӯянд, ки духтаронат ба балоғат расидаанд ва бо бародаронашон дар хона хобидани онҳо дуруст набуда, гуноҳ ҳисоб мешавад. Магар дар асл чунин аст?
БИБИРАҶАБ, аз маҳаллаи 104
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Аслан ҷойи хоби хоҳару бародарон бояд ҷудо бошад. Пайғамбарамон (с) таъкид кардаанд, ки фарзандони худро дар синни ҳафтсолагӣ намоз биёмӯзед ва дар ҳафтсолагӣ ҷогаҳи хоби онҳоро ҷудо кунед. Имкони дар хонаҳои алоҳида хобидани писару духтаронатон вуҷуд надошта бошад, ҷогаҳи хоби писаронро дар айвонча партофта, духтаронро дар хона хобонед ё ҳадди ақал барои писарон дар як кунҷи хона ва барои духтарон дар кунҷи дигараш чогаҳ партоед. Фаромӯш накунед, ки фарзанди падар бошанд ҳам, дар як ҷогаҳ хобидани духтару писар мумкин нест.