Дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сотхмони 91 мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва 70 кӯдакистони нав ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Марв-сохтмон» бунёди бинои нави Литсейи физикӣ-математикии рақами №1 ба номи академик Муҳаммад Осимиро бар дӯш гирифтааст, ки аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3000 хонанда пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамзамон корҳои омодагӣ барои бунёди бинои иловагии Гимназияи рақами №4 низ оғоз ёфтаанд.
Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №26 идома дошта, бо татбиқи лоиҳаҳои нав хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои №7, №11, №14 ва Гимназияи рақами №13 дар биноҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Мақсади нек» барои 650 хонанда дар як баст ва кӯдакистони хусусӣ барои 120 нафар бунёд мешавад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистони хусусии «Ворисон» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша мактаб барои 160 хонанда ва кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ гардидааст.