Дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, Ҷамшед Машрабзода муовини вазири корҳои дохилӣ таъйин шуда, Илҳомиддин Вализода аз ин вазифа озод ва сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъйин гардид. Машрабзода қаблан роҳбари дастгоҳи ВКД буд. Дар ин вазифа ӯро генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода иваз кард.
Файзалӣ Шарифзода бошад, қаблан намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар кишварҳои узви ИДМ буд. Ба ин вазифа Абдусаттор Азиззода таъйин шудааст.
Ҳамзамон, дар сохторҳои марказӣ ва минтақавии ВКД як қатор мансабдорони дигар низ ба вазифаҳои нав гузаштанд. Аз ҷумла, Абдусатор Фатозода роҳбари намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия, Фареҳ Мирзоаҳмадов сардори Раёсати навоварӣ ва технологияҳои рақамии ВКД ва Довар Салимбойзода сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД таъйин шуданд.