goodwell
Дар Вазорати фарҳанг ғолиби шоҳҷоизаи "VIVA ASTANA"-ро истиқбол намуданд
08.07.2026
Oila.tj
109

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни байналмилалии "VIVA ASTANA" Зубайр Каримзодаро истиқбол намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар, роҳбарияти вазорат ин дастоварди нодири фарҳангиро ба ғолиб ва аҳли фарҳанги кишвар таҳният гуфта, ингуна дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро натиҷаи ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат нисбат ба соҳаи фарҳанг арзёбӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки 27-уми июни соли 2026 дар шаҳри Остона 13-умин Фестивал-озмуни байналмилалии «VIVA ASTANA» баргузор гардид. Кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Русия дар ин фестивал-озмун иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон Зубайр Каримзода бо суруди "РЕСПУБЛИКАИ МАН" дар озмуни болозикр ширкат намуда, сазовори шоҳҷоиза ва 2 роҳхати ройгон ба кишварҳои Гурҷистону Озарбойҷон гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД