Formula novemver 2024
Дар Ваҳдат мард занашро кордборон кард ва баъд худро оташ зад?
1192


Дар шаҳри Ваҳдат як моҷарои ваҳшатноки хонаводагӣ сар зада, боиси хунрезӣ ва худсӯзӣ гаштааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 9-август, тахминан соатҳои 22.00 сар зада, байни марди 39-сола ва зани 37-сола, ки ҳарди сокини шаҳри Ваҳдат мебошанд, аз сабаби рашк ҷангу ҷанҷоли оилавӣ сар задааст. Дар рафти моҷарои хонаводагӣ марди ба ғазаб омада бо корди сохтмонӣ (малярний нож) ба ҳамсараш ҳамла карда, узвҳои ҳаётан муҳими занашро буридааст.

Пас аз анҷом додани ин амали бераҳмона бо мақсади аз ҷавобгарии чиноятӣ дур мондан мард ба НФС “ОРИЁ”-и шаҳри Ваҳдат рафта, аз он ҷо дар зарфи обгирӣ бензин харида, берун аз маҳалли аҳолинишин худашро оташ задааст.
Зани захмҳои зиёи корд хӯрда ва марди даст ба худсӯзӣ задаро бо мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба беморхона интиқол доданд. Онҳо дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ карда шудаанд. Вазъи саломатии зану шавҳарро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД