Дар Узбекистон иштирокчии озмуни "Miss Earth"-ро барои либосаш ҷазо доданд
21.01.2026
Фирӯза
345

Дар Узбекистон иштирочиии озмуни "Miss Earth"-ро барои либосаш ҷазо доданд

Шаҳзода Мадаминова, иштирокчиии озмуни зебоии "Miss Earth"-ро дар Узбекистон барои истифода бурдани рамзҳои давлатӣ дар либоси саҳнавиаш ҷазо доданд.

Озмуни "Miss Earth” 28 октябри соли 2025 дар пойтахти Филиппин шаҳри Манил баргузор гашта, Шаҳзода Мадаминова дар ин чорабинӣ Узбекистонро намояндагӣ мекард ва бо либосе ба подюм баромад, ки рангҳои парчами Узбекистонро дошт. Пас аз озмун вай аксҳояшро дар Instagram нашр кард ва ин боиси баҳси судӣ гашт.

Дар мурофиаи додгоҳӣ ӯ тавзеҳ додааст, ки ҳангоми дӯхтани либоси саҳнавӣ аз рамзҳои давлатӣ илҳом гирифта, рангҳои парчам ва герби Узбекистонро истифода будааст, вале дар ин либос акси 12 ситора ва моҳ набуд. Мадаминова гуфтааст, ки мехост бо ин либос намояндаи Узбекистон буданаш дар саҳнаи баланди мӯд аён гардад, вале додгоҳ ба ин масъала бо чашми дигар нигариста, барои истифодаи рангҳои парчам ва герби давлатӣ Шаҳзодаро ҷазо доданд.

Тавре ки Uzdaily навиштааст, суди ноҳияи Мирободи Узбекистон парвандаи маъмуриро нисбати Шаҳзода Мадаминоваи 21 сола баррасӣ намуда, ба хулосае омадааст, ки мавсуф қонунҳои Узбекистонро дар бораи рамзҳои давлатӣ вайрон кардааст. Мадаминоваро бо қисми 1 моддаи 203-1 Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар «Вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ» гунаҳкор намуда, ба маблағи 824 ҳазор сӯм ҷарима таъин кардаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД