new banner new years
ДАР ТУРСУНЗОДА КӮДАКИ 4-СОЛАРО БО САБЗӢ ТАҶОВУЗ КАРДАНД!
6604

 Куштор ва таҷовуз ба номус аз зумраи рӯйдодҳои ваҳшатноке ҳастанд, ки бадбахтона солҳои охир дар кишвари мо тез-тез ба вуқуъ мепайванданд, вале ҳодисаи гӯшношуниде, ки дар шаҳри Турсунзода ба вуқуъ пайвастааст, то кунун тимсоли худро надошт.

Амма ва амакаш ба сари як кӯдаки маъсуми 4-сола мусибати бузургеро оварданд, ки қалам дар тасвир карданаш оҷизӣ мекашад. Ростӣ, намедонем ин ду инсони гургсифатро таҷовузкор бигӯем, педофил номем ва ё ваҳшӣ...

Маъмулан “педофил” гуфта, мардонеро дар назар доранд, ки ба номуси кӯдакони ноболиғ таҷовуз мекунанд ва ё дигар амалҳои шаҳвониро бо ноболиғон анҷом медиҳанд, аммо ин навбат ин кори разилонаро зан содир намудааст. Тифлаке, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, ҳамагӣ 4-сол дошта, Марҷона ном дорад.

Мамаҷонова Мафтуна, модари Марҷона дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорони сомонаи Оила. ТЧ ин хабари нохушро тасдиқ намуда, гуфт, хоҳаршӯю додаршӯяш-Ҳайдарова Одина ва Мамаҷонов Муҳаммад бо зӯрӣ ба узви занонаи духтарчаи 4-солааш сабзии калонеро ворид карда, кӯдаки маъсумро қариб то дами марг расонидаанд.

Шавҳари Мафтуна дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дорад. Бо ҳамин сабаб Мафтуна айни замон ҳамроҳи фарзандонаш дар хонаи падараш зиндагь мекунад. Ин ҷавонзан аз шавҳараш расман ҷудо нашуда бошад ҳам, лоқаи байни онҳо канда шудааст.

Як рӯз пеш аз иди Қубон додаршӯяш Мамаҷонов Аҳмад аз Мафтуна хоҳиш кардааст, ки иҷозат диҳад, то барои таҷлили ид ҷиянҳояшро ба хонаи худашон барад. Ғофил аз бозиҳои тақдир Мафтуна писарчаю духтарчаашро ҳамроҳи амакашон ба хонаи хусураш гусел мекунад. Ин зани бечора аз куҷо медонист, ки дар рӯзи иди муқаддаси мусалмонон-қурбон бародару хоҳари шавҳараш амали нангинеро содир мекунанд, ки ба ақли одамӣ рост намеояд.

Рӯзи дигар пас аз гирён кардани телефони мобилӣ, Мафтуна дарак ёфт, ки хусураш ба ӯ чанд маротиба занг задааст.

-Гашта ба хусурам занд задам. Падаршӯям хабар дод, ки духтарчаам хунрав шудааст ва таъкид кард, ки зудтар расида биёям. Азбаски кӯдак сип-сиҳат буд, бо шунидани ин хабар ҳайрон шудам. Пурсидам, ки аз куҷои духтарам хун омада истодааст. Гуфт, аз маҳбали (олоти ҷинсии занонаи кӯдак) Марҷона ва ҳолаташ бисёр бад аст,-он рӯзи наҳсро бо дард ба ёд меорад модари Марҷона.

Дунё бо шунидани ин хабар дар назари Мафтуна тип-торик гашт, охир ҳамагӣ як рӯз пеш вай кӯдаконашро бо лабони пурханда ба хонаи падаршӯяш гусел карда буд...

Дар сари ин модари зор то расидан ба хонаи падаршӯяш сад фикру хаёл давр мезад, ки ба духтарчааш чи шуда бошад. Вақте ки ба манзили волидони шавҳараш расид, фарзандашро бе ҳушу бе ёд дида, дасту пояш карахт шуд. Марҷонаи хурдакак дар дами марг қарор дошта бошад ҳам, боою бибиаш ҳатто ба духтур занг назада буданд. Мафтуна бо чашмони пуроб духтарчаи ниммурдаю нимзиндаашро рӯйи даст бардошта, ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бурд ва дар ҳамон ҷо фаҳмид, ки ба номуси кӯдаки 4-сола таҷовуз кардаанд.

“Духтурон ба зинда мондани кӯдакам кафолат надоданд. Ҷарроҳӣ тақрибан чор соат давом кард,”-бо ашки сӯзон қисса мекунад Мафтуна.

Вақте, ки Марҷона ба ҳуш меояд, асли воқеаро аз ӯ пурсон мешаванд ва тифлаки аз сарҳади марг баргашта гириста-гириста тамоми даҳшати ба сараш омадаро қисса мекунад. Мафтуна аз нақли духтарчааш мефаҳмад, ки додаршӯяш Муҳаммад бо тамоми қувват дасту пойҳои Марҷонаро маҳкам қапида, хоҳаршӯяш Одина бо зӯрӣ сабзии калонеро ба олоти ҷинсии кӯдаки 4-сола даровардааст. Дар натиҷаи ин амали гӯшношунид ва ваҳшиёна натанҳо пардаи бакорати духтарча, балки қисматҳои дарунии узвҳои таносулаш низ дарида, хун равии шадид ба амал омадааст.

Эҳтимолан бо мақсади манъ кардани хунравӣ, баъди содир кардани ин амали нангин, ба узви занонаи кӯдак латтапораҳои зиёдеро андохтаанд. Дар натиҷа хун дар дарун лахта-лахта ҷамъ шуда, ҳолати кӯдак боз ҳам вазнинтар гаштааст.

Мафтуна Мамаҷонова мегӯяд, хоҳаршӯяш Ҳайдарова Одина ба ҷойи аз кори кардааш пушаймн шудану бахшиш пурсидан ба ҳоли ӯ хандида “қасосамро аз ту гирифтам”гӯён, дағдаға мекунад, шавҳараш бошад, падар шуда, то ба имрӯз ҳатто як маротиба занг зада напурсидааст, ки фарзандаш зинда аст ё мурда.

Падари Мафтуна дар як сӯҳбати видеоӣ мегӯяд, волидайни ҷинояткорон хонаашонро фурӯхта, бо пули калон маълумотномаи бардурӯғро оид ба ноқисулақл будани фарзандонашон Муҳаммад ва Одина ба даст овардааст. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд ҷинояткоронро аз ҷавобгарӣ гурезонанд....

Мухбирони сомонаи Оила. ТЧ тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик ба шаҳри Турсунзода сафар карда, тафсилоти дигари ин ҳодисаи гӯшношунидро аниқ ва гузориши видеоиеро таҳия намоянд.

Моро пайгирӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД