Дар деҳаи Сафедмони ноҳияи Тоҷикобод якбора ду кӯдаки хурдсол ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.
Ҳодиса дирӯз, 14-уми апрел, тахминан соатҳои 11-и рӯз сар зада, ду кӯдаки хурдсол, ки яке ҳамагӣ 4 ва дигарӣ 6 сол доштааст, ба дарёи Шӯрак афтода, ғарқ шудаанд.
Мутаассифона, аз марг наҷот додани кӯдакон муяссар нагашта, пас аз чанд соати ҷустуҷӯ наҷотдиҳандагон ҷисми беҷони писарчаи 6-соларо аз об берун овардаанд. Ҷасади писарчаи 4-соларо бошад, субҳи имрӯз соати 6-и пагоҳирӯзӣ 200 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, ба хешовандонаш супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар робита ба ин ҳодиса аз тамоми падару модарон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд. Кӯдакон набояд ба танҳоӣ аз роҳҳои автомобилгард гузаранд ё дар назди рӯдхона ва обанборҳо бозӣ кунанд.