Соли равон дар Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
“Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷа беш аз 3500 нафар бо ҷойи кори нав таъмин гардиданд”,- гуфт вазир.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 29,617 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии соҳа 24 фоизро ташкил медиҳад.
“Таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нишон медиҳад, ки сиёсати саноатикунонии кишвар ба хубӣ иҷро шуда истодааст ва ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад”,- зикр намуд вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода.