Дар Тоҷикистон дар 5 соли наздик зиёда аз 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуда, мушкили бекорӣ аз байн меравад.
Дар ин бора дирӯз, 16-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки ин як қисмати стратегияи давлатӣ мебошад, ки ба таҳкими иқтисодиёти кишвар ва беҳбуди шароити зисту зиндагии мардум нигаронида шудааст.
“Тоҷикистон захираҳои бузуги қувваи корӣ дошта, тайи 10 соли охир теъдоди аҳолии қобили кор ҳар сол ба ҳисоби миёна 2% ва ҳамагӣ - 880 ҳазор нафар афзудааст. Ҳамасола дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва беш аз 150 ҳазор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбӣ ба бозори кор мебароянд”,- зикр намуданд Сарвари давлат ва афзуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои ҳалли мушкили таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор бояд тадбирҳои самаранок андешанд. Таъкид гардид, ки фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони қобили кор, таъмини ҳуқуқҳои кормандон ба меҳнат, ҳисобу китоби дақиқи қувваи корӣ ва беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд.
Сарвари давлат ҳамчунин ба масъалаи таъмини маъюбон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа бо кори муносиб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чораҳо андешанд.