goodwell
Дар Тоҷикистон низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ба кор даромад
02.06.2026
Oila.tj
98

Дар Тоҷикистон низоми нави рухсатномаҳои электронӣ (Electronic permit System) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор даромад, ки раванди таҳия ва мубодилаи рухсатномаҳои нақлиётиро дар мамлакат сода ва рақамӣ мегардонад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи мутамаркази биллингӣ, ки раванди додани рухсатномаҳои нақлиётиро дар ҷумҳурӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ сода мегардонад ва ба формати рақамӣ табдил медиҳад, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ин низом як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани суръат, шаффофият ва бехатарии хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расман созишномаи табодули иҷозатномаҳои электрониро (ePermit) имзо кардаанд. Дар рӯзҳои аввали пас аз оғози кор Тоҷикистон 100 адад рухсатномаи аввалини электрониро тавассути низоми нав ба Ӯзбекистон интиқол дод.

Гуфта мешавад, ки низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи ҳисоббаробаркунии мутамарказ дар доираи Барномаи рушди иқтидори долони нақлиётии Транскаспий, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ ва тавассути GIZ (Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон; Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit) амалӣ карда мешавад, навсозӣ шудааст. Ин ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити бехатар ва ҳамгирошударо барои пешниҳоди дархостҳои дастаҷамъона, идоракунии тақсимоту истифодаи рухсатномаҳо, самаранокӣ ва шаффофияти пардохтҳо фароҳам меорад.

- Ҳисоббаробаркунии мутамарказ бо низомҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои пардохтҳои мобилӣ ҳамгиро мешавад ва санҷиши онлайнӣ, муқоисаи автоматӣ ва шаффофияти пурраи молиявиро тавассути тадбирҳои боэътимоди ҳифзи маълумот таъмин мекунад. Бо ҷорӣ шудани низоми нав, вақт барои гирифтани рухсатномаи зарурӣ хеле коҳиш ёфт,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД