goodwell
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли шиша месозанд
112

Қарор аст дар Тоҷикистон нахустин корхонаи истеҳсоли шиша бунёд гардад. Дар ин хусус масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд.

Зикр карда шуд, ки корхонаи истеҳсоли шиша бо сармоягузории 120 миллион доллар дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бунёд хоҳад гашт. Ҷиҳати сармоягузорӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли шиша аллакай байни Ҳукумати кишвар ва корхонаи “Кристалл Грин Гласс” созишнома ба имзо расидааст.

Зикр карда шуд, ки дар сурати ба кор оғоз намудани корхонаи мазкур беш аз 450 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД