25-уми сентябр дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи баланди оғози Муколамаи глобалӣ оид ба мудирияти зеҳни сунъӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, бахусус ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имконияти нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муваффақона қабул шуд, ёдовар гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Конфронси нахустини Душанбе оид ба зеҳни сунъӣ дар таърихи 24-25-уми октябри соли 2025 хабар дода, кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро барои иштироки фаъол дар ин чорабинӣ даъват намуд.