Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад
12.01.2026
Oila.tj
60

Моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои варзишии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои баргузории ин чорабинии варзишӣ масъул гардидаанд.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш (мусобиқа) - гӯштини миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр), шоҳмот, бандкашӣ ва аз рӯи 10 намуд бозиҳои намоишӣ - хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалахмонбозӣ, ҳойталак ва бандпарак дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД