tobiston
Дар Тоҷикистон беш аз 858 ҳазор нафар нафақа мегирифтаанд
114

Шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли ҷорӣ 858 ҳазору 191 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иттилоъ доданд.

Шумораи нафақагирони маъюб 170 ҳазору 52 нафар будааст, аз ҷумла:

- гурӯҳи якум - 18 220 нафар;

- гурӯҳи дуюм - 83 691 нафар;

- гурӯҳи сеюм - 33 317 нафар;

- маъюбони то синни 18-сола - 34 824 нафар.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки теъдоди ятимон дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 149 нафар ва нимятимон 77 ҳазору 649 нафарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, имрӯз дар кишвар 15 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буда, шумораи иштирокчиёни ҷанг дар ақибгоҳ 117 нафар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД