tobiston
Дар Тоҷикистон беш аз 34 ҳазор нақлиёти барқӣ ба қайд гирифта шудааст
100

Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1-уми июни соли 2025 ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул гардидааст. Дар доираи ин барнома якчанд тадбирҳо, аз ҷумла таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ, таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 ба мамлакат 17 695 мошини барқӣ ворид гардидааст. Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 беш аз 12 821 мошини нави барқӣ ворид карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД