Arzon march 2024
Дар Тоҷикистон баҳогузории 10-хола ба таври озмоишӣ роҳандозӣ шуд
890

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар 140 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ гардидааст. Низоми мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳаи маориф ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор мегирад.

“Пас аз анҷоми он, дар асоси натиҷаҳои озмоиш ва пешниҳоду дархостҳои тарафҳо, Вазорати маориф ва илм таҳияи Низомномаи баҳогузории 10-хола ба меърёҳои арзёбии сатҳи дониш, малака, маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст”,- иттилоъ додааст Вазорати маориф.

Зикр шудааст, ки дар низоми баҳогузории 10-хола арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар меҳвар қарор дошта, натиҷаҳои он барои муайян кардани баҳо ба дониши хонанда нақши ҳалкунанда мебозад.

“Арзёбии ташхисӣ барои муайян кардани сатҳи ибтидоии дониш, малака ва маҳорати хонанда, ҷамъ овардани маълумот дар бораи қобилияти ӯ ва муайян кардани стратегияи таълим истифода бурда мешавад”,- гуфт ин ниҳод.

Ҳамзамон, хабар дода шудааст, ки дастовардҳои таълимии хонандагон аз рӯйи ҷадвали ифодаи рақамии Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон баҳогузорӣ карда мешаванд.

Баҳои 1 ба хонанда аз рӯйи азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии он, ки дар ҳаҷми пасттарин ҳам таъмин карда нашудааст, гузошта мешавад. Баҳои 2 ба хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро дар сатҳи паст нишон дода, ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҷузъии зиёд роҳ медиҳад.

Вақте ки хонанда маводи назариявӣ ва амалии таълимиро бо кумаки омӯзгор дар ҳаҷми нокифоя аз худ мекунад, вале дар амал онҳоро татбиқ карда наметавонад, баҳои 3 мегирад. Баҳои 4 ба хонандае гузошта мешавад, ки мазмуни қисмҳои матн, қоидаҳо, таърифҳо, формулаҳо, қонунҳо ва ғайраро камтар аз ҳадди ақали талаботи барномаи таълим аз худ мекунад.

Ҳамин тавр, баҳои 10 ба он хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро бештар аз талаботи барномаи таълим намоиш медиҳад.

Татбиқ ва ба роҳ мондани низоми баҳогузории 10-хола дар иртибот бо корҳои тавзеҳӣ бо падару модарон ва худи хонандагон сурат мегирад.

Қайд карда шудааст, ки дар рӯзномаю дафтари кории хонанда баҳогузорӣ дар шакли рақамӣ ва дар қавс ба таври хаттӣ гузошта мешавад: 10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (кофӣ), 5 (қаноатбахш), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (пасттар), 1 (пасттар).

Бояд таъкид намуд, ки ба дониши хонандагон дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ баҳо гузошта намешавад. Дар зинаи якуми таҳсилот (синфҳои 2-4) вобаста ба фанҳои таълимӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон (тавре ки дар боло зикр кардем) баҳогузорӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД