Аз 4 то 7-уми март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо то 21 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 9 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 3 то 5-уми март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе - Чаноқ (километрҳои 48-74 ва 78-81), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхӯра, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Аз 4 то 7-уми март дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 4-уми март дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва 4-уми март дар ноҳияҳои алоҳида то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.