Дар Тоҷикистон амалиёти “Бачаҳо” гузаронида мешавад
28.08.2025
Oila.tj
125

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон аз 30-юми август то 10-уми сентябр дар ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» доир менамояд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овардааст, ки дар гузаронидани амалиёти навбатии «Бачаҳо» фаъол бошанд.

Тавре аз ин ниҳод таъкид кардаанд, шаҳрвандон дар ин давра бояд талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД