goodwell
Дар Тоҷикистон амалиёти «Автобус» оғоз шуд
15.09.2026
Oila.tj
117

Аз 14 то 23-юми сентябр дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти «Автобус» баргузор мешавад.

Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, амалиёт дар доираи нақша-чорабиниҳои мақсадноки «Назорат» роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосии амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.

Дар доираи амалиёт эҳтимол аст таваҷҷуҳи бештар ба фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ҳолати техникии онҳо ва риояи талаботи бехатарӣ равона карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД