arzon replenishment
Дар Тоҷикистон 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд
215

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин хусус зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд.

Тавре масъулини ин ниҳод гуфтанд, аз шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ 60,3 ҳазор ба бахши воқеӣ ва 39,8 ҳазори дигар ба бахши хизматрасонӣ рост меоянд.

Аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ 38 2 ҳазор ҷойи кори доимӣ, 34,3 ҳазор ҷойҳои кории мавсимӣ ва 27,1 ҳазор ҷойҳои кории муваққатӣ мебошанд.

Аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 34,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, дар бахши сохтмон 16,9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, дар соҳаи савдо 11,4 ҳазор, дар соҳаи маориф 7,6 ҳазор, дар саноати коркард 7000, дар соҳаи нақлиёт 3,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудаанд.

Дар вилояти Хатлон 39,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, дар дар вилояти Суғд 17,9 ҳазор, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6,3 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ 12,5 ҳазор ва дар шаҳри Душанбе 24,2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД