Sebiston new 2024 october
Дар Темурмалик мактаби нав кушода шуд
409

 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Танобчии болои ноҳияи Темурмалик мактаби нави замонавиро ифтитоҳ намуданд.

Ин муассисаи таълимӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушд ба маблағи 3 миллиону 398 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Мактаби нав аз 1 бинои 2 -ошёна, ки дорои 10 синфхона барои 480 хонанда мебошад, иборат аст. Толибилмон дар 2 баст таҳсил хоҳанд кард.

Бинои мазкур дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон буда, ҳамчунин боғи дарахтони мевадиҳанда, майсазори атрофи бино бо дарахтони ороишиву сояафкан барои хонандагон бунёд шудааст. Ҳавлии муассисаи таълимӣ ба масоҳати 450 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо 25 адад дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.

Масоҳати умумии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ буда, 1,37 гектарро ташкил медиҳад.

Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз онҳо хониши аъло ва таълиму тарбияи босифатро талаб намуданд. Омӯзгорон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбия саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД