Formula novemver 2024
Дар таксӣ кор карданро ба муҳоҷирон манъ карданд
756

 Дар яке аз минтақаҳои Россия ба сифати ронандаи таксӣ кор карданро ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карданд.

Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷӣ дигар ҳуқуқ надоранд, ки дар ин минтақа ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Челябинск аз хизмати муҳоҷирони меҳнатӣ ба сифати таксист ва ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба пуррагӣ даст мекашад. Алексей Текслер, губернатори вилоят дар бораи манъ кардани қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати таксист ба кор аллакай қарори дахлдор қабул намудааст.

Тибқи ин қарор муҳоҷирони меҳнатӣ натанҳо барои кор дар таксӣ роҳ дода намешаванд, балки минбаъд наметавонанд бо автобус, тролейбус ва намудҳои дигари нақлиёти ҷамъиятӣ низ мусофиркашонӣ кунанд.

Дар қароре, ки губернатори вилоят аллакай ба он имзо гузоштааст, таъкид шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз 1-январи 2024 ҳуқуқи дар бахши мусофиркашонӣ кор карданро надоранд.

Дар шаҳри қарори мазкур омадааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд ягон намуди нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ва байнишаҳриро идора намоянд.

Ширкатҳое, ки бо воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ сару кор доранд, вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи ҷо ба ҷо гузории кадрҳоро дида бароянд ва фаъолияти худро бо қарори нав мувофиқ созанд.

Тибқи иттилоъи Спутник ин қарор ба зодагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (ЕАЭС) ва нафароне, ки иҷозаи расмии зист дар қаламрави Федератсияи Россияро (вид на жительств) доранд, дахл надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД