Мушкилоти норасоии қувваи корӣ масъулини Свердловскро сахт ба ташвиш овардааст. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуд бошанд ҳам, пайдо кардани коргар рӯз то рӯз душвортар гашта истодааст.
Коршиносон мушкили норасоии нерӯи кориро ба рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин минтақа ва умуман аз Россия рабт медиҳанд.
Шумораи одамони бе кор дар Свердловск айни замон ҳамагӣ 12 ҳазор нафар мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуданд.
Свердловск имрӯз ба роҳрӯбон, сохтмончиён, сантехникҳо, харротон, андовачиён, мошиншӯён ва ронандагон беш аз пеш ниёз дорад, зеро даста-даста муҳоҷирони меҳнатӣ ин минтақаро тарк карда истодаанд.
Тавре ки vedomostiural.ru навиштааст, дар шаш моҳи соли 2022 ҳудуди 2530 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Свердловск рафта буданд, вале дар нимсолаи дуюми соли 2023 якбора 7380 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ин минтақаро тарк намудаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 5000 нафар зиёд мебошад.
“Мувофиқи маълумоти маркази машҳури рекрутингии Head Hunter имрӯз кӯчарӯбон ба шаҳри Свердловск чун обу ҳаво заруранд, зеро пештар дар ин соҳа бештар муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекарданд ва бо рафтани онҳо мушкили норасоии кормандон дар ин бахш торафт бештар эҳсос карда мешавад”-навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки қариб дар тамоми корхонаҳои минтақа даҳҳо ва садҳо штати холии ронанда, борбардор, муттахассиси монтаж, харрот, андовачӣ, рангуборчӣ холӣ аст, вале пайдо кардани коргарон амри маҳол гаштааст.
“Касе фикр мекунад, ки ин танҳо мушкили Свердловск аст, сахт хато мекунад, ин минтақа оинаи тамоми Россия мебошад. Рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ дар сар то сари кишвар мушкили норасоии нерӯи кориро ба вуҷуд овардааст”-таъкид мекунад манбаъ.
Коршиносон сабаби асосии рафтани муҳоҷиронимеҳнатиро ба рӯз то рӯз бештар гаштани хатарҳои сиёсӣ, муносибати бадбинонаи мардуми маҳаллӣ ба бегонагон ва қабули қарорҳои зараровар дар бораи манъи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар аксари соҳаҳо рабт дода мегӯянд, ба гумон аст, ки чунин “меҳмоннавозӣ”-и Россия ба тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо ва дигар зодагони Осиёи Миёна хуш омада, дубора барои кор ба ин ҷо баргарданд.
Масъулин ният доранд, ки ҷойи холии муҳоҷирони тарки Русия кардаро бо зодагони дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон ва Покистон пур кунанд, вале ба гумон аст, ки ҳиндуҳои лаззати кор дар Ҷопон ва Аврупоро чашида, нозу нузи русҳоро бардошта, ба корҳои душвор ва музди кам дошта дар ин кишвари сард тоқат кунанд.