gazprom august 2025
Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад
52

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад.

Иншоот дорои маҷлисгоҳ бо 700 ҷойи нишаст, «IT park», осорхона, ҳамчунин толорҳои хурди ҳимояи корҳои илмӣ буда, барои рушди илму технология имконияти васеъ фароҳам меорад.

Айни замон корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, пардоздиҳию рангубор оғоз гардидааст. Дар назар аст, ки марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, ба яке аз заминаҳои муҳими рушди соҳаи илму таҳқиқ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд мубаддал гардад.

Бунёди чунин марказҳои илмию таҳсилотӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ба рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД