Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, интизор меравад, ки нимаи дуюми моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардад.
Тавре масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, фестивал-озмуни мазкур имкони мусоид фароҳам меорад, то паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гарданд.
Аз сӯи дигар, доир гаштани чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ дар тарғибу ташвиқи мақому манзалати либоси миллӣ мусоидат хоҳад кард.