Arzon march 2024
Дар соли 2025 зангирии муҳоҷирони тоҷик дар Русия душвор мегардад
20.01.2025
ОИЛА.ТҶ
861

Салом! Писари 23-солаи ман тӯли ду сол боз дар Русия кор мекунад. Мехоҳем имсол сарашро ҷуфт намуда, ӯро хонадор кунем, вале ду пояшро ба як мӯза андохта, гуфта истодааст, ки очаҷон, худатон ягон арӯси табъи дилатонро ёфта, тӯйро дар Тоҷикистон гузаронед, баъд чипта харида, келинро ба наздам мефиристед. Дар ҳамин ҷо никоҳ ва ЗАГС мекунем. Ростӣ ман ҳамчун модар як духтари зебо, ҳунарманд ва боодобу хушахлоқро кайҳо барои писарам таги чашм кардаам, аммо падару модараш розӣ нестанд, ки тӯйро бе домод гузаронанд. Писарам шаҳрвандии Русияро надорад, аз ҳамин сабаб волидони арӯс боварӣ надоранд, ки онҳоро дар Русия ЗАГС мекунанд. Шумо чӣ мегӯед? Ақди никоҳи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия ба қайд мегиранд ё не?

МУШАРРАФА, аз ш. Ҳисор

Посух:

- Модари азиз! Оила бояд дар асоси ишқу муҳаббат ва садоқату ҳамдигарфаҳмии ду ҷавон бунёд шавад, на ба майли дили дигарон. Албатта, ризоияти падару модар хуб аст, аммо фардо арӯсе, ки шумо ба қавли худатон “таги чашм кардаед” ба писаратон писанд наафтад, он гоҳ чӣ мешавад?! Ин тарафашро фикр кардед ё не, охир зиндагӣ бозича нест ва дар оиладорӣ набояд ба саросемагӣ роҳ дод.

Акнун, дар масъалаи ба қайд гирифтани ақди никоҳи муҳоҷирон дар Россия:

Мувофиқи қонунҳои ҷории Федератсияи Россия то ба ин дам бақайдгирии ақди никоҳи муҳоҷирон дар ин кишвар ягон душворӣ надошт, вале аз моҳи феврали равон каме душвортар мегардад. Гап дар сари он аст, ки баъди 5-уми феврали соли 2025 кормандони САҲШ (ЗАГС)-и Русия, агар номи домод ё арӯс дар рӯйхати шахсони назоратшаванда бошад, метавонанд ба қайд гирифтани ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷиро рад кунад. Ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ному насаби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие дохил карда мешавад, ки барои дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ кардан асосҳои қонунӣ надоранд, яъне бе патент ва иҷозатнома кор мекунанд, қайди макони зист надоранд, имтиҳонҳоро насупоридаанд ва умуман, ҳуҷҷатҳояшонро ба расмият надаровардаанд.

Писаратон дар Русия ба таври расмӣ кор намекарда бошад, ба вай фаҳмонед, ки ҳуҷҷатҳояшро то 5- феврали соли равон ҳатман ба расмият дароварда, зиндагӣ ва будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ созад, ё қаламрави Россияро тарк намояд. Дар акси ҳол аз Русия хориҷ карда мешавад.

Дар масъалаи ақди никоҳ бастани писаратон бо арӯсаш дар Русия ҳаминро гуфтанием, ки баробари қабул кардани аризаи арӯсу домод корманди хонаи ақди никоҳ тариқи реестр месанҷад, ки ному насаби онҳо дар рӯйхати шахсони назоратшаванда ҳаст, ё не. Дар сурати будани номи яке аз никоҳшавандагон дар ин рӯйхат, ариза барои бақайдгирии ақди никоҳ рад карда мешавад.

Хулоса, агар писари шумо дар Русия ба таври қонунӣ кор мекарда бошад, барои бастани ақди никоҳ дар ин кишвар ягон монеа пеш намеояд, дар акси ҳол дар САҲШ никоҳашонро ба қайди давлатӣ намегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД