Дар соли 2025 “Сомон Эйр” ба беш аз як миллион нафар хизмат расонидааст
13.01.2026
Oila.tj
62

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 иштирок кардааст.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар соли 2025 “Сомон Эйр” 1 миллиону 91 ҳазору 921 мусофирро интиқол додааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,6 фоиз бештар мебошад. Ҳамчунин, ширкат 3 ҳазору 744 парвоз анҷом додааст (+13%), ки аз ин шумора 348 парвоз дохилӣ будааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаҳои ширкат барои соли 2026 эълон гардидааст. Аз ҷумла, “Сомон Эйр” тасмим дорад шабакаи хатсайрҳоро васеъ намуда, шумораи самтҳои парвозро афзоиш диҳад, парки ҳавопаймоиро бо ду ҳавопаймои навъи Boeing 737 MAX 8 пурра кунад ва сатҳи хизматрасониро боз ҳам беҳтар созад. Дар баробари ин, афзалият ба таъмини бехатарии парвозҳо ва зиёд кардани теъдоди кормандон дода мешавад.

Роҳбарияти ширкат таъкид намудаанд, ки “Сомон Эйр” рушди устувори худро идома дода, дар пайваст намудани Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД