goodwell
Дар сӯхтори бозори «Корвони Бухоро» як нусхаи Қуръон солим боқӣ мондааст
05.10.2026
Оила
84

Дар сӯхтори бозори «Корвони Бухоро» як нусхаи Қуръон солим боқӣ мондааст

Дар пайи сӯхтори шабона дар бозори «Корвони Бухоро»-и Ӯзбекистон қисматҳои зиёди бозор ва молу маҳсулоти дохили он ба коми оташ рафтаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он як нусхаи Қуръон пас аз сӯхтор солим боқӣ мондааст. Дар навор иддао мешавад, ки оташ қариб ҳама чизро нобуд карда, аммо Қуръон осеб надидааст.

Ҳамзамон, то ҳол ҳақиқати ин навор ва ҷузъиёти марбут ба солим мондани Қуръон аз ҷониби мақомоти расмӣ тасдиқ нашудааст. Аз ин рӯ, онро ҳамчун далели тасдиқшудаи «муъҷиза» арзёбӣ кардан ҳоло барвақт аст.

Навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, бархе аз корбарон ин ҳодисаро нишонаи қудрати илоҳӣ ва муъҷиза медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД