Sebiston new 2024 october
ДАР ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ “ОИЛА” МУТОЛИА КУНЕД!
2320

...Духтур гуфт, ки баъди се рӯз омада, ҷавоби таҳлилҳоро бигиранд. Ҳамон рӯзе, ки бояд Фарҳоду Руқия барои гирифтани ҷавоби таҳлилҳо мерафтанд, Фарҳодро аз ҷои кораш барои кори муҳиме фарёд карданд. Фарҳод аз бародари Руқия хоҳиш кард, ки ҳамроҳи хоҳараш ба беморхона равад. Таҳлилҳо нишон медоданд, ки дар асл Руқия безурёт аст ва асло фарзанддор шуда наметавонад. Аммо бародари Руқия бо ким кадом роҳу восита дили духтурро ёфту ҷавоби таҳлилҳоро дигар кард...

Меҳрнигори Рустамро марди амрикоӣ ба занӣ гирифтааст?

...“Вақте ки ба Амрико рафтам, овозаҳо зиёд шуданд. Яке мегуфт, ки тарки Ватан кардаам. Дигарӣ бошад, мегуфт, ки аз Тоҷикистон даст кашида, минбаъд дар Амрико зиндагӣ мекунам. Ин овозаҳо маро то андозае нороҳат ва рӯҳафтода карда буданд. Ман Тоҷикистонро беҳад дӯст медорам, аммо ба даст овардани “Green Card”-и Амрико тамоман тасодуфӣ буд. Умуман, дар бораи сафарҳоям гап задан намехоҳам, чун аз пода пеш чанг бардоштан хуб нест”,-гуфтааст Меҳрнигори Рустам...

Ошиқонро дар моҳи март чӣ интизор аст?

...Моҳи мартро шумо ба табъи дили худ гузаронида наметавонед. Агар вақти бештари худро бо шахсе, ки дӯсташ медоред, гузаронидан мехоста бошед, ин амал ба шумо муяссар намегардад. Рӯҳафтода нашавед, вазъият баъди чанде беҳтар мешавад. Ташвишу тараддуди нафарони оиладор низ хеле зиёд мешавад...

Марги шавҳарамро хостаму...

...Пас аз ӯ соҳиби фарзанди дигар нашуда бошем ҳам, тамоми ҳастиямонро ба тарбияи Санҷарҷон сарф намудем. Писарам бисёр ҳушманду зирак буду мактабро бо медали тилло хатм карда, бо дониши худаш ба яке аз донишгоҳҳои беҳтарини Аврупо шомил шуд.Ӯ пас аз хатми донишгоҳ дар хориҷа кор ёфта, ҳамон ҷо монд, ману падараш ба хотири канда нашудани ӯ аз ватан ӯро ба набераи бародарам хонадор кардем. Санҷар занашро ҳамроҳаш ба хориҷа бурд, мо низ мехостем ҳавлию дарро фурӯхта, ба он ҷо равем, вале...

“Двойник”-и Шабнами Сурайё дар хориҷа кист?

...Ҳамин тавр, манбаъ Пенелопа Круз, ҳунарпеша ва модели 46-солаи испаниро ба духтарони Шуғнон, Салма Ҳайек, ҳунарпешаи 54-солаи мексикоиро ба Манижа Давлатова, овозхони 38-солаи тоҷик, Ким Кардашянро ба Шабнами Сурайё, Селена Гомез, овозхон ва ҳунарпешаи 28-солаи амрикоиро ба гулдухтарони Хуҷанд ё Панҷакент ва Фрида Пинто, ҳунарпешаи 36-солаи ҳиндро ба тоҷикдухтари сабзинаранг монанд кардааст...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 9-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 3-юми марти соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД